ТТЭ ҲНИ ДАР НИҚОБИ ИСЛОМӢ БО СИРИШТИ ШАЙТОНӢ

Ба хотири дасисакорӣ ва иғвоангезӣ дар ҷомеа аҳзоби мухталиф рӯ ба амалҳои зишт меоранд, то мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд. Гувоҳи ин пай дар ҳам ҷорӣ намудани таблиғоти либоси фарҳанги бегона сатру ҳиҷоб ба ҷои либоси зебо миллӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки яке аз омилҳои таҳрибкор ва харобкунандаи субот ва амнияти миллӣ ин ангезиши фитна ва фиребкорӣ байни ҷомеа мебошад. Мутаассифона, дар садаи 21 гурӯҳҳо ва равияҳое зуҳур карданд, ки бо ниқоби исломӣ амалҳои шайтониро анҷом медиҳанд. Аз ҷониби дигар камтаҷрибагӣ ва нокифоягии сатҳи маърифатнокӣ ва ноҳушёрии қишре аз ҷамъият аст, ки фирефтаи ниқоби исломии ин ҳаракатҳои тундрав гардида, замири хостаҳои ифлоси онҳоро пай намебаранд ва дар натиҷа гирифтори доми иблисонаи  онҳо мегарданд. Ин гирифторияти бархе аз гурӯҳҳои осебпазири ҷамъият ба доми балои ин саркардагони хушунатангез халале ба амният, субот, тинҷӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ ворид месозад. Дар давоми даҳсолаи охир дар ҷаҳони муосир вазъи сиёсии кишварҳоро таҳдиди терроризм ва ифротгароии исломӣ бештар фаро гирифта, рахна ба тинҷиву суботи кишварҳо овард. Дар натиҷаи анҷом ёфтани амалҳои ғайриинсонӣ ва иблисонаи гурӯҳҳои тафриқахоҳ ва тундрави ба ном исломӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташвиш афтода, дар ин асно аз ҳар фарди ҷомеа зиракӣ ва ҳушёрии амиқ, сатҳи баланди маърифатнокӣ тақозо мегардад.

Мутаассифона, кишвари мо, Тоҷикистон низ аз таъсири мафкуравӣ ва идеологии ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротгароёна эмин набуда, бо истифодаи қувваҳои дохили кишвар онҳо мехоҳанд, сохти конститутсиониамонро барҳам зада, сулҳу субот ва тинҷиву амнияти мардумро халалдор созанд. Яке аз чунин гурӯҳҳои ҷудоихоҳ, ки бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ҷиҳати амалинамоии ҳадафу мақсадҳои сиёҳи хеш талоши беист меварзанд, ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки дастандаркори харобиҳои бемисл ва куштори  бераҳмонаи солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар аст. Ин ҳизби бадандеш ва сиёҳкор, ки ниқоби исломӣ ба сар кашида, чеҳраи пурчин ва доғдори худро ҳамеша мехоҳад махфӣ дорад, яке аз шохаҳои равияи «Ихвон-ул-муслимин» буда, бо номи ислом ва «пуштибон аз ислом» ба анҷоми амалҳои иблисона машғул будаву ҳамоно талоши буданро дорад. Боиси таассуф аст, ки наҳзатиён дар давоми фаъолияти худ дар кишвар бархе аз ҷавонони соддаи моро мавриди ҳадаф қарор дода, онҳоро гирифтори доми беамони хеш сохтанд. Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри сипаришуда, ки бо дасти хоҷагони хориҷиашон таҳрезӣ гашта буд, барояшон заррае раҳму шафқат ва пушаймониву истиғфорро пеш наовард. Онҳо бо гузашти ду даҳсола аз он рӯзҳои сиёҳ ҳанӯз дарк накарданд, ки оқибати ҷудоихоҳӣ ва тафриқаандозӣ миёни мардум мусибатноктарин саҳфаҳоро метавонад ба таърихи миллату давлат боз карда, монеаи пешрафту тараққиёт бошад. Илова бар ин, нафрину лаънати мардум ба онҳое, ки ҷангро оварданду азизтарин инсонҳояшонро ба коми марг кашиданд, дарси ибрат нагардида бошад, ки ҳамоно талош аз пайи амалинамоии мақсадҳои нопокашонро аз даст намондаанд.

Баъди эълони ҳалномаи судӣ дар хусуси этироф кардани собиқ ҲНИТ ба гунаи ташкилоти террористиву экстремистӣ, роҳбарияти ин ҳизб аз давлатҳои ҷудогона паноҳгоҳ хоста, сару садо баланд намуд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон нисбати онҳо поймолкунии ҳуқуқиро анҷом дода бошад. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо даргузашти на чандон фурсати тӯлонӣ аз воқеият ва асли хостаҳои ин ҳизб огоҳ гардида, онро ба гунаи ташкилоти террористӣ этироф намуданду ҳамоно ин раванд идома дорад.

Чунин аъмоли зишти ТТЭ ҲНИ-ро ҷомеаи ҷаҳонӣ низ маҳкум месозад.

Мо низ, афкори ғаразноки наҳзатиён ва сарпарастони онро қатъиян ва шадидан маҳкум менамоем.

Фарҳанги зебою ғании тоҷиконаро бояд риоя намоем.

 

                                                                           Анвар Отаев, омузгори кафедраи геология ва корҳои нафту гази ДКМТ