ТТЭ ҲНИ ВА РАДИОИ “ОЗОДӢ” ДУ МАРКАЗИ ЭҶОДИ ФИТНАВУ ИҒВО

Вобаста ба интихобот дар кишвар Радиои “Озодӣ” бо шуморе аз кормандони фитнаангезу иғвобарангезаш талош намуд, то ба ин маъракаи сиёсии муҳим дар кишвар  мудохила намояд ва мардумро сарсон гардонад. Ба ҳамин хотир талош намуд бо интервюҳои сохта ва гузоришҳои ғайри касбӣ бозори фитнанагезияшро гарм созад.

Ҳамчунин аз ин фурсат истифода намуда, бо раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирии палид, ки дар кишвар мамнӯъ эълон шудааст, мусоҳиба орост ва пешакӣ дарвозаи бозори фитнанагезияшро бо дуои ин террористӣ манфур боз намуд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардуми кишвар дар интихобот ширкат варзиданд ва озодонаву оромона раъйи худро ба номзади арзандаи худ додаанд.

Лек, ин ҳолати орому бе ҷангу ҷидол ба кормандони фитнаангезу иғвобарангези Радиои “Озодӣ” хуш наомад ва онҳо бо гузоришҳои бардурӯғ ва сохтаи худ талош менамуданд, ки ба ин маъракаи муҳим халал расонанд, ва шукрона, ки муваффақ нашуданд.

Зеро ҳамон гуна, ки мегӯянд “адӯи бадкирдор ҳаргиз ба мақсади нопок  намерсад” ин хоинон ва иғвобарангезон ҳам ба мақсади нопоки худ нарасиданд ва ин шабу рӯзҳо бо ҳаммаслакони хеш аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар фикри фитнаи нав ҳастанд, ки ин бор ҳам мардум ба ин тоифаи бадкеш бовар нахоҳанд кард.

Аз замонҳои аввали таъсисаш радиои “Озодӣ” ба барангехтани кинаву адоват машғул гардида, бештар талош менамуд, ки воқеияти ҳолро бардурӯғ ва нодуруст нишон диҳад ва ҳоло дигар кормандони ин муассисаи иғвобарангез бо террористон якҷо шуда, кӯшиш менамоянд, ки мардумро гумроҳ созанд, ки ин як хиёнати рӯирости ба ном журналистони радиои “Озодӣ” мебошад.

Кабирии манфуру палид бошад, бар хилофи ҳама меъёрҳои ахлоқӣ баромад намуда, кӯшиш мекунад, ки фитнаангезӣ кунад ва ҷомеаро ноором созад ва ба хоҷагони хориҷияш ҳисобот диҳад, ки ӯ тавонист воқеиятро нодуруст шарҳ диҳад ва ҳақиқатро нодида гирад. Зеро ҳамаи мо медонем, ки интихобот дар Тоҷикистон шаффофу озод ва ба таври демократӣ гузашт.

 Аммо наҳзатиёни палид аз аввал мақсадашон ҳамин аст, ки ҳамин ҳолатро бардурӯғ шарҳ диҳанд ва мардумро ба гумроҳӣ баранд ва дар ин кор ба онҳо радиои “Озодӣ”, ки мақсадаш ҳам монанд ба ТТЭ ҲНИ аст, кӯмак мекунад.

Мусоҳибаи Радиои “Озодӣ” бо роҳбари террористони наҳзатӣ, яъне раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирии палид дубора ошкор сохт, ки кормандони ин муассисаи ба ном иттилоотӣ ва дар асл як шабакаи ҷосусиву фитнанагезӣ боз ҳам хиёнат ба пешаи муқаддаси “журналистика” мекунанд ва боз ҳам номи рӯзноманигорро доғдор месозанд. Зеро дар ягон ҷомеаи демократӣ ва аз лиҳози маърифатӣ пешрафта,  муассисае, ки ифротгароиву даҳшатафканиро тарғиб мекунад, бунгоҳи иттилоотии солим ҳисобида намешавад. Чунки тарғиби ифротгароӣ ва терроризм ин худ аллакай хиёнат ба ҷомеа аст ва рисолати журналистика бошад, хидмат ба ҷомеа. Пас чӣ гуна мешавад, кормандони радиои “Озодӣ”-ро журналист ҳисобид, вақте, ки ин тоифа ба ҷомеа хиёнат мекунанд???

Аслан агар бигирем, радиои Озодӣ ва ТТЭ ҲНИ ду маркази тавлиди фитнаву иғво дар як масир ҳастанд, ки мардум бояд ба даҳони ин хоинон мӯҳри хомӯшӣ зананд ва фирефтаи бозиҳои ин маккорон нагардад.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ