ТТЭ ҲНИ БАДНОМКУНАНДАИ ДИН АСТ

Дар чанд даҳсолаи охир зуҳури гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки аксарияти ин гурӯҳҳо  бештар заминаи мазҳабӣ доранд ва ё худ баромади мазҳабиро ба худ касб намудаанд. Ҳамчунин ин гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ бештар бо таълимоти динӣ фаро гирифта, нахуст қонуну қоидаҳои  ҷиҳодро ба шогирдонашон меомӯзонанд, сипас таълимотҳои дигари исломро, ки дар натиҷа як навъ хусумат ва бадбинӣ нисбати аҳли сайёра дар ниҳоди ин аъзоён пайдо мешавад ва инҳо ба ҷуз қатлу ғоратгарӣ ва оташсӯзӣ дигар кореро анҷом намедиҳанд ва ягон арзишро ҳам қабул намекунанд.

Мо, борҳо шоҳиди он гардидаем, ки террористон ба хотири гумроҳ намудани мардум ва ба хотири  аз байн бурдани арзишҳои волои фарҳангӣ осорхонаву китобхонаҳоро оташ задаанд ва садҳо нобиғаҳои асрро ба қатл расонидаанд.

Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо дар фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ равшан мебинем, ки чӣ тавр солҳои 90-уми асри гузашта равшанфикрон ва зиёиёнро ба қатл мерасониданд, то зудтар мардумро гумроҳ созанд. Сабаби ҳамаи ин хоинии наҳзатиён он шуд, ки хуни зиёда 150 тҳазор нафар бегуноҳ рехта шуд, зиёда аз 1000 нафар зананону кӯдакон бесарпараст монданд ва зиёда аз садҳо  миллиард доллар ба иқтисодиёти мамлакат зарари иқтисодӣ расид.

Аммо ҳамаи ин хиёнатҳоро наҳзатиёни палид ба инобат нагирифта имрӯзҳо дар хориҷи кишвар доираи фаъолияти террористӣ-экстремистии худро фарох сохтаанд, ки бояд пеши роҳи ин душманони миллат гирифта шавад. Ҳамон гуна, ки аксарияти созмонҳои террористӣ фаъолият мебаранд, ТТЭ ҲНИ низ аз ҳамон равия кор гирифта бештар ҳамкорияшро бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ба роҳ мондааст, ки хеле барвақт дар ин бора дар расонаҳо матолиби мустанаде ба нашр расида буд.

Ҳоло наҳзатиёни малъун ва палид дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бештар мехоҳанд тариқи расонаҳои ифротияшон, ки бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон ба истифода дода шудааст, ифротгароиро идома диҳанд.

Онҳо бештар ба нашри маълумоти бардурӯғ ва маълумоти иғвобарангез машғул шуда, ният доранд, ки ҷавононро аз ҳамин роҳ фирефта созанд ва чандест, ки ҳамин нақшаашонро идома додаистодаанд.

Ҳоло наҳзатиёни палид бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон дар Аврупо паноҳ бурда, он ҷо фаъолияти террористиро пеш мебаранд, ки дер ё зуд ҳатман Аврупо аз ин хиёнаткории наҳзатиён огоҳ хоҳад шуд ва ҳатман ин наҳзатиёни палидро аз сарҳадаш берун хоҳад сохт.

Ҳоло ҷавонони кишварро зарур меояд, ки бештар ба варзиш ва илмомӯзӣ машғул гардида, худро қурбони ин гуна гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ насозанд ва фирефтаи суханони шайтонсифатонаи онҳо нагарданд, зеро мегӯянд, ки душман бо сад ранг меояд.

Собирова Ш.Р

омӯзгори ДКМТ