Ҳарчанд имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки ТТЭ ҲНИ дигар вуҷуд надорад, аммо аъзоёни фирорияш ва хоҷагони хориҷияш ҳанӯз дар нақшаи дубора эҳёи он ҳастанду мехоҳанд нақшаву барномаҳои душманонаашонро бар алайҳи миллати тоҷик амалӣ гардонанд, мисли солҳои 90-уми асри гузашта. Ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба Аврупо фирор намуда аз сармоягузории молиявии хоҷагони хориҷияшон бархӯрдор мебошанд.
Аммо чизи дигаре, ки мехоҳам ин ҷо дар борааш сухан ронам ин худи ТТЭ ҲНИ мебошад, ки ҳатто ташкил шуданаш ҳам хеле тез ва бисёр ҳам тааҷубовар мебошад. Як қатор шаҳрвандони таълимоти динӣ гирифта ва аз мактаби созмони террористии “Ҳизби таҳрир (фаъолияташ дар кишвари мамнуъ эълон шудааст)” пинҳонӣ баҳраманд гардида, фаъолияти террористии худро дар кишвари мо густариш додаанду бо шиорпартоиҳои исломӣ ба чашми мардум хокпошӣ намудаанд.
Пас аз таъсиси ячейкаи он дар Тоҷикистон бо номи ТТЭ ҲНИ хоҷагони хориҷии наҳзатиён ин мактаби наҳзатиро аз лиҳози молиявӣ ва аслиҳа таъмин намуда, нақшаи пора-пора кардани кишвари моро кашиданду ҷанги шаҳрвандиро шурӯъ карданд, ки дар он ҳатто аз созмонҳои террористии беруна низ силоҳбадастони миллаткӯш ширкат намудаанд. Тавре, ки аз ҳисобҳои оморӣ бармеояд, аъзоёни ТТЭ ҲНИ зиёда аз 160 ҳазор шаҳрвандӣ бегуноҳро ба қатл расонидаанду зиёда аз як миллион нафар сокини кишварро гуреза намудаанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад. Бар замми ин аъзоёни ТТЭ ҲНИ зиёда аз даҳҳо миллиард хисороти молӣ ба иқтисодиёти кишвар расониданд, ки ин рақам иқтисодиёти кишварро ба даҳсолаҳо ақиб бурд. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки корхонаву фабрикаҳои истеҳсолиро худи наҳзатиён ба яғмо мебурданду боз оташ зад, то аз он нишоне намонад ва албатта ин як нақшаи душманони миллати тоҷик буд.
Куштори бераҳмонаи аҳли зиё ва равшанфикрон аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ бисёр ҳам нигаронкунанда асту бо ин роҳ ТТЭ ҲНИ, яъне хоҷагони хориҷияш мехостанд, бештар қудрати зеҳнии миллатро коста гардонанд. Албатта ҳамаи ин амалҳоро аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо барномаи сохтаи хоҷагони хориҷияшон анҷом медоданд, то ба ҳадафи нопоки худ бирасанд.
Аммо як суол ин ҷо моро хеле нигарон кардааст, ки чаро диндорон, ки ҳатто дар дин куштор манъ карда шудааст ба даст автомат гирифтанд?
Магар дар таълимоти дин куштани сокинони бегуноҳ ва олимон раво дониста шудааст?
Мутаассифона ҳамаи амалҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар хилофи дин буд, ки ин маънои сохта будани диндории наҳзатиён ва сӯистифода аз номи динро мефаҳмонад, ки хислати пасти наҳзатиёнро бозгӯ намудааст. Аз ҷониби дигар ин амал боз ҳам онро исбот мекунад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ муздури хоҷаҳои хориҷияшон будаанду ҳатто ба хотири маблағ аз баҳри дину мазҳаб гузаштанд.
Хунрезиву разолати наҳзатиён дар солҳои 90-ум дар таърих собиқа надорад ва он ҳам боз аз тарафи ҳизбе, ки дар он номи ислом навишта шудааст. Пас метавон ин амали наҳзатиёнро як навъ лоиҳаи “аз дин ба автомат” номид, ки он солҳо бар алайҳи миллати тоҷик равона карда шудааст. Имрӯз, ки аъзоёни он дар хориҷа ҳастанду пайти душмани меҷӯянд бар алайҳи миллати тоҷик асло нияти нек надоранду мақсаду маромашон ҳам хиёнат бар миллату давлати тоҷик мебошад. Зеро агар аъзоёни ТТЭ ҲНИ инсон мебуданд пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар қаламрави кишвар аз соли 1997 то соли 2015 зиёда аз 35 амали террористӣ содир намекарданд, аммо чӣ кунем, ки наҳзатиён бо нияти баду дили сиёҳ ба воя расидаанду ҳадафашон ҳам душманӣ бар насли башар мебошад.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ