ТО БА КАЙ ТОЛИБОН ХУНРЕЗӢ МЕКУНАНД, ДАР АФҒОНИСТОН?

Қатлу куштор ва хунрезӣ дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон бисёр ҳам моро андӯҳгин гардонидааст. Тавре, ки медонем, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористӣ, созмонҳои экстремистӣ зери қаноти Ташкилоти террористии “Толибон” даромада барои ба вуҷуд овардани даҳшат дар Афғонистон актҳои террористӣ мегузаронанд, ки ин амали басо нангину зидди башарӣ ва нобахшиданист.

Суол ин ҷост, ки чаро толибон мардуми осоиштаро азият медиҳанд?

Чаро ҷомеа бар ин масъала таваҷҷуҳ намекунанд?

Воқеан ҳам имрӯз шароити мардуми Афғонистон бисёр ҳам ваҳим ва бисёр ҳам нороҳаткунанда мебошад. Мардуми Афғонистон низ ҷузъе аз ин сайёра мебошанд ва бояд, ки мисли дигар аҳолии курраи замин орому осуда зиндагӣ дошта бошанд. Он чӣ имрӯз “Толибон” бар сари мардуми ҳасоякишвари мо овардааст як хиёнат ва як амали нангин аст, ки бояд пеши роҳи ин ҳама гирифта шавад.

Зеро амалҳои содирнамудаи созмонҳои террористӣ дар кишвари Афғонистон ҳад надоранд ва ин ҳама ҷиноятҳову хунрезиҳо рӯзгори мардуми афғонро табоҳ гардонидааст, ки бояд  ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин маврид бетараф набошанд. Имрӯз агар вазъият дар Афғонистон беҳ нагардад, фардо ҷаҳон боз аз хуни бегуноҳон ранги дигар хоҳад гирифт, ки ин зарар бар аҳли  башарият мебошад.

Инсон ҳамеша арзиши олӣ аст ва ин ҳатто дар Конститутсияи кишвари мо низ сабт гардидааст ва мо низ дар ин росто ором намегирем ва талаб менамоем, ки вазъ дар Афғонистони ҳамсоя беҳтар карда шавад. Толибон бояд ба содир намудани амалҳои террористӣ хотима диҳанду мардуми бегуноҳро ором гузоранд.

Рузгори ҳузнангези мардуми ҳамсоякишвари мо бояд ҷилои нав ба худ касб намояд ва зиндагӣ дар ин давра беҳтар гардад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар ҳамкории муштарак бо кишварҳои минтақа вазъро дар Афғонистон ба назорат гиранд ва барои ҳар чӣ беҳтар шудани шароити иҷтимоӣ дар ин кишвари ҳамося тасмим бигиранд.

Ҳамсоякишвари мо-Афғонистон бояд аз ҳамлаҳои толибон ва дигар созмонҳои террористӣ  дар эмин бимонад ва терроризму экстремизм, ки душмани башарият аст, бояд решакан карда шавад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ