Миллати бофарҳанги тоҷик қадимтарин бошандагони Осиёи Миёна буда,дар таърихи тӯлонии худ дучори ҳамлаи аҷнабиёни хунхор ба монанди Искандари Мақдунӣ , муғулҳо ва дигарон гаштаанд.Таърих гувоҳ аст,ки миллати тоҷик ҳамеша барои ҳифзи марзу буми худ бо ин аҷнабиён муборизаи беамон бурдааст. Душманони дохилию хориҷии давлату миллати тоҷик то ба имрӯз аз мақсади нопоки худ даст накашида аз хориҷа истода даст ба дасисабозию иғвогарӣ мезананд , вале дигар миллати тоҷик фирефтаи ин дасисабозиҳо нагардида ,баҳри тинҷию оромӣ ва ободии мамлакатамон кӯшиш ба харҷ дода истодааст.Муноқишаҳои байни марзии Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғистон,ки охири моҳи апрел ба вуқӯ пайваст , миллати тоҷикро боз ҳам сарҷамъ кард. Баъди ҳодисаи тирпарронӣ аз тарафи марзбонони қирғиз ва кушта шудани сарбозону халқи осоиштаи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара , ба самти ин деҳаи дурдасти кишвар ва дигар деҳаҳои назди марзӣ мардони далеру шуҷо тоҷик аз тамоми гӯшаю канори мамлакатамон ихтиёриён худро номнавис карда ,баҳри ҳифзи ватан ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат карданд ва барои ҳифзи сарҳади шимоли Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Ин гувоҳи он аст,ки анъанаи неки фидокоронаи мардуми тоҷик баҳри ҳифзи ватан ва якпорчагии он то ба ҳол идома ёфта истодааст . Маҳз ҷонбозиҳои ин мардони шуҷои далер боиси он гашт,ки сарҳади давлатамон ором гашта ,мардуми шимоли кишвар ба ҳаёти осоишта баргаштанд.Барои ҳар як фарди ватандӯсти тоҷик ҳифзу марзу бум вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад.Ҳодисаи рухдодаи марзӣ нишон доданд,ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба халқу миллат сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатамон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон пурра дастгирӣ мекунанд ва барои ҳифзи ҳар порча замини давлат хуни худро дареғ намедоранд.Бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон инро донад,ки роҳбарияти мамлакат ва ниҳодҳои қудратии он қудрати ҳифзи марзу буми давлатамонро дорад ва онҳо ҳеҷгоҳ намегузоранд ,ки оромию осоиштагӣ дар ҷумҳурӣ халалдор гардад.
Омӯзгори калони кафедраи
фанҳои табиӣ-илмии Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Ғафоров С.Ҷ.