ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМИ ОСИЁ МАРКАЗӢ МЕБОШАД

Ҳамеша миллати тоҷик ҷонибдори дӯстиву рафоқат ва сулҳу салоҳ буд ва ин хислат ҷузъе аз фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Миллати тоҷик аз замони ҳастияш то ба имрӯз ҳамчун миллати тамаддунофар ва башардӯст муаррифӣ гардидааст ва ин як шиори миллат мебошад. Дар ҳамсоядориву рукни бародарӣ аз ҳама миллатҳои ҷаҳон дида, миллати тоҷик пешсаф мебошад ва барои барпо намудани дӯстиву бародарӣ бо миллатҳои гуногуни дунё талош варзидааст.

Чуноне, ки иттиллоъ дорем дар чанд моҳи охир дар расонаҳо масъалаи аҳолии назди сарҳадӣ ва роҷеъ ба тақсимоти марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон матраҳ мешуд ва ин анқариб дар бисёр расонаҳо нашр шуда буд. Имрӯз бошад мулоқоти кории намояндагони  хадамоти махсус ва марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара баргузор гардид, ки барои ҳалли массоили марбутаи марзӣ ва муносибати некӣ ҳамсоядорӣ замина гузошт. Акнун умед дорем, ки кишвари ҳамсоя бо таври осоишта масоили марзиро баррасӣ менамоянд ва ба манфитаи кишварҳо ин масъала ҳалли худро меёбад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва башардӯст дар бисёр маврид бо қирғизҳо равобити бародариро ба роҳ монда, ҷиҳати ҳалли мушкилот ва проблемаҳои мардуми Қирғизистон дар тӯли таърих мусоидат намудааст ва ҳамеша одоби ҳамсоядориро ба дараҷаи олӣ риоя намудааст. Ҳамон гуна, ки маълум аст, миллати тоҷик бо ҳамсояҳои худ аз рӯи шиори “Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст”, амал намуда, ҳамеша наслҳои худро дар ҳамин замина тарбия намудааст. Мулоқоти имрӯзаи намояндагони Тоҷикистон ҳам маҳз аз ҳамин рукни олии фарҳанги миллати тоҷик сарчашма мегирад.

Дар доираи ин сафар чандин масъалаҳои муҳим барои ҳар ду ҷониб ҳаллу фасл гардид, ки барои сокинони Тоҷикистону Қирғизистон аз бисёр ҷиҳат хеле муҳим мебошад ва мо, низ бар он умед мебандем, ки дар онядаи наздик масъалаҳои тақсимоти марзиву ҳудудии Тоҷикистону Қирғизистон ба некӣ ҳалли худро меёбанд ва ҷонибҳо дар ин масъала муваффақ хоҳанд шуд. Миллати тоҷик, ҳаргиз тарафдори муносибати сард бо ҳамсояҳо нест ва мо ҳамсояи худ қирғизҳоро низ ба муносибати некӣ ҳамсоядорӣ ҳидоят менамоем.

Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи чанд созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо ҳам робитаи наздик доранд ва барои муборизаи беамон бурдан бо падидаҳои номатлуби монанди эктремизму терроризм ҳадафҳои яксонро думбол мекунанд. Тоҷикистон ҳамчун давлати меҳварӣ дар Осиёи Миёна барои беҳбудии амнияти минтақа талош меварзад ва баҳри несту нобуд сохтани зуҳуроти номатлуби аср-терроризму экстремизм пайваста кӯшиш мекунад ва ҷиҳати  беҳтар гардидани сифати зиндагии мардумони минтақа ва сулҳу салоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши бузург дорад.  Талоши ҳукумат ва мақомоти кишвар ҳам баҳри беҳбуди равобити ҳарду кишвар равона гардида шудааст.

                                                                        Азизов Қурбон

                                                                        омӯзгори ДКМТ