ТОҶИКИСТОН РУШД КАРД, АММО ДИЛИ ҲАСУДОНУ ХОИНОНИ НАҲЗАТӢ КАФИД!

Имрӯз ватани муқаддаси мо Тоҷикистон хеле пеш рафтаву дар арсаи байналмилалӣ нуфуз ва обрӯву мақоми баландро сазовор гардидааст, ки ин дастоварди беназир барои миллат мебошад. Феълан имкониятҳо бештар гардидаву сатҳи зиндагии ҷомеа назар ба солҳои 90-ум садҳо маротиба беҳтару хубтар гардидааст. Сифати зиндагӣ ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ хеле тағйир ёфтаву имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо сари баланд ва дар зери осмони сулҳу ваҳдат зиндагӣ менамояд, ки дар ақсои олам бисёре аз миллату халқиятҳо дар орзӯи ин рӯз мебошанд.  Касе гумон ҳам намекард, ки Тоҷикистони ҷангзада ва осеб дида аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин қадар зуд рушд менамояд ва ин пеш аз ҳама хизмати бузурги Сарвари муҳтарами давлат, Пешвои муаззами миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Вале имрӯз иддае аз душманони миллат, ҷавонони гумроҳ ва зархарид ин ҳама пешрафт ва тараққиёти кишварро нодида гирифта, бештар кӯшиш мекунанд, то ба манфиати хоҷагони хориҷияшон, яъне душманони Тоҷикистону тоҷикистонӣ амал кунанд. Инҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ТЭ “Гурӯҳи 24” мебошанд, ки зери қаноти наҳзатиён ташкилоти террористӣ-экстремистии “ПМТ”-ро таъсис дода, фаъолияти душманона мебаранд, ки ин гуна афродро кӯрнамак ва хоину ватанфурӯш мегӯянд.

Наход инсон бар ивази пул бар Ватани худ хиёнат кунад?

Наход инсон бар манфиати душманони ватану миллаташ кор кунад?

Ин амал ҳам хиёнат ва ҳам номардиву ношукрӣ мебошад, ки ҳатман рӯзе ин хоинон пушаймон хоҳанд шуд. Зеро дар ягон гӯшаву канори олам касе аз ҳисоби хоиниву хиёнаткорӣ мисли наҳзатиён зиндагӣ накардааст ва аз ин гуна зистан мурдан беҳтар мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз ошкор шудани фаъолиятҳои террористияшон ба кишварҳои хориҷӣ фирор намуданду имрӯз он ҷо истода,  бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранду барои гумроҳ сохтани насли ҷавон иғвобарангезиву дасисабозӣ мекунанд. Ҳоло ҳамаи он наҳзатиёни манфур ва бадкеш мехоҳанд, ки бар чашми миллат хок пошида, ҷомеаро бо дурӯғу афсонаҳои бофтаашон гумроҳ сохта, мутеъи хоҷагони хориҷияшон созанд. Яъне наҳзатиён, аниқтараш аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки солҳои 90-ум дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуда, зиёда аз 160 ҳазор шаҳрванди бегуноҳи кишварро ба қатл расонидаву зиёда аз 1 миллион нафар сокинонро гуреза намуданд, боз мехоҳанд, ки бо истифода аз дину шариат мардумро ба мисли солҳои 90-ум гумроҳ гардонанд ва барои ҳамин чандин сомонаву шабакаҳо кушодаанд, то бо дурӯғу сафсатаҳояшон, матлабҳои душманонаву ифротияшон дасисабозӣ карда, ҷомеаро аз роҳи нек бозгардонанд. Ҳамин аст, мақсади наҳзатиёни хиёнаткор ва дигар хоҷагони хориҷии онҳо, ки дигар миллати тоҷик ба ин дасисаву иғвобарангезии наҳзатиён дода нахоҳад шуд. Зеро миллат чеҳраи аслии наҳзатиёнро шинохт ва фаҳмид, ки ин палидон ва авбошони ба ном ҳомии дин ва дар асл террорист кистанду барои кӣ хизмат мекунанд?!

Яъне ҳам наҳзатиён ва ҳам дигар авбошону хоиноне, ки имрӯз худро мухолиф муаррифӣ мекунанд, душманони аслии миллати тоҷик мебошанду мақсадашон ҳам вайрон намудани ваҳдати миллат ва аз байн бурдани истиқлолияту сулҳу саодати тоҷикон мебошад.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ