ТОҶИКИСТОН МАКОНИ СУЛҲУ ОЗОДӢ

Аз баъзе баёнияҳое, ки нисбати Ватани азизамон Тоҷикистон аз ҷониби ҳаводорони опозитсионии тоҷик дар шаҳри Вен, пойтахти Австрия оид ба истирдоди Ҳизбулло Шоҳвализода ба Тоҷикистон изҳор карда мешаванд, табъи одам хело хира мегардад.

Ба фикри таҷаммӯъкунандагон гӯё чунин аст, ки «вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз бадтар мешавад, ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, шаъну шараф ва номуси ӯ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон поймол мешавад. Бо вуҷуди ин ки Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар чанд бор дар ин бора ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор доданд, аммо режим ҳамаи он ҳушдорҳоро нодида гирифт».

Аз шунидану хондани чунин баёнияҳо кас ба ҳайрат мемонад.  Онҳое, ки худ дар кишвари хориҷанду дар Тоҷикистон зиндагӣ намекунанд, чаро ба амнияти Тоҷикистон дахолат мекунанд. Шояд ба сулҳу суботе, ки дар кишвари азизамон ҳукмфармост бо чашми бади хеш нигариста мехоҳанд тухми нофаҳмиро байни мардуми сулҳпарвар бикошанд?!

Мақсаду ҳадафи мақомотҳои амниятии Тоҷикистон ин нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар кишвар аст.

Чунин нест, ки онҳо одами бегуноҳро зиндонӣ кунанд, албатта кирдори гумонбаршуда ҳамаҷониба санҷида мешавад. Агар ҷинояткор бошад бояд ҷазояшро бинад.

Мо худ шоҳиди ҷангу истисмор, ваҳшонигариҳо дар мамлакатҳои хориҷи кишвар шудаистодаем ва намехоҳем, ки тоҷикон низ ин рӯзи мудҳишро бинанд.

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳтадгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба қавли Президенти кишвар «то фаро расидани давраи бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иктисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид»

Инсоният аз азал пайваста дар орзуи ҳаёти хушу хyppaм yмp ба сар мебурд ва сулҳу суботро яке аз роҳҳои асосии расидан ба зиндагонии осудаҳолона меҳисобид. Ин аст, ки мухимтарин андешаҳо роҷеъ ба масъалаи мазкур ҳанӯз цар авроки кацимтарин сарчашмаи хаттии то мо расидаи ориёӣ «Авасто» зикр гардида, ғояҳои муқаддаси ҳифзи марзу буми кишвар, ободии мулк, покизагии зоҳириву ботинӣ, парвариши андешаи нек ва амсоли инҳо цар партави таълимоти аҳуроӣ тарғибy ташвиқ меёфт ва дар атрофи маъмултарин гуфтори ин сарчашма- «рафтори нек, гуфтори нек ва пинцори нек» асрхои зиёце истехком мепазируфт. Гузашта аз ин, масъалаи дӯстию ҳамбастагӣ, иттиҳоду ягонагӣ хамчун рисолати асоситарини инсоният дар руи замин то ба ҳадде густариш ёфтааст, ки барҷастатарин андешаҳои ҳакимона байни мардум ба ҳукми зарбулмасалу мақол маъруфият пайдо намуда, интишор ёфтаанд.

Воқеан хам халки тоҷик бо ин ҳама дороии бузурги маънавии худ набояд ба чунин гирудори нангин мубтало мегашт. 

Мо бояд шукр кунем, ки чунин Пешвои миллат ва Ватани ободу осуда  дорем. Бо чунин Пешвои миллат  ҳама он мушкилиҳое, ки ба вуқуъ меоянд, мо тоҷикон аз як гиребон сар бароварда ҳаллу фасл хоҳем кард, зеро бо рҳбари ҳамин марди хирад мо тавонистем, ки ҷанги хонумонсӯзро, ки ташкилкунандагонаш ҳамин наҳзатиёни палиду буданд, паси сар намоем ва ба ҳаёти пурсаодат бирасем.

Валиева М.

омӯзгори ДКМТ