ТОҶИКИСТОН – МАКОНИ ВАҲДАТОСО

Панду андарз яке аз мавзӯъҳои хеле кадими адабиёти форсу тоҷик аст. Он ҳанӯз аз асрҳои III-VIII сарчашма гирифтааст. Мурод аз офаридани образи ашхоси ватандӯст дар адабиёти олам, бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодист. Албатта, вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, балки ба бедории ҳисси миллӣ – ватандӯстӣ, тарбияи насли наврас, хусусан, ҷавонон ва кашфи падидаҳои нодир вобаста аст.

Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст:

Ту, эй халқи азизам, қудрати созандае дорӣ,

Зиҳи, миллат, ки нангу ори бас пояндае дорӣ!

Зи номат мекунам, халқи азизам, ифтохор умре,

Тамоми ҳастиамро мекунам баҳрат нисор умре

Ватан, зодгоҳ калимаҳои зебо ва хуҷастаеанд, ки бо шуниданашон макони зист, гаҳвора ва модар пеши назар меоянд. Ом=згори машҳур В.А. Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона бо мафҳумҳои «Инсон», «Маънои зиндагӣ», «Меҳнат», «Оила», «Забони модарӣ», «Садоқат» алоқаманд мекунад. Бале, Ватан сарнавишту кисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модар моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, ба­рои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Каҳрамониҳои “Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост.

Дар баробари ин, зикр кардан ба маврид аст, ки дар осори панду ахлоқии шоирони классик, пеш аз ҳама, тарбияи инсон падид меояд. Аз ин рӯ, таълимоти ахлоқии онҳо сар то сар андешаҳои инсондӯстӣ буда, дар он мавзӯи заҳматҳои инсон дар роҳи такомули руҳии худ мақоми хос дорад.

Аз рӯзе, ки инсоният соҳибқалам гардид ва қишри иҷтимоие чун зиёӣ ба майдон омад, аксарият ба муқобили ҷанг буданду сулҳу оромиро васф менамуданд. Барои фазои ором, барои пешгирии ҳама гуна зуҳуроти ҷангзо, сохторҳои қудратӣ масъул бошанд ҳам, ҳар як фарди ҷомеа бояд ба хотири оромии кишвараш ҳушёр бошаду мубориза барад. Вақте инсон сафарҳои пай дар пай карда ва ё таҳсилро берун аз кишвар идома мебахшад, бояд ба қадри ватану ватандорӣ бештар бирасад. Мутаассифона, солҳои охир шоҳиди он ҳастем, ки на ҳама донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар (кишварҳои исломӣ) таҳсил менамоянд, ба ояндаи ватанамон бо чашми нек менигаранд. Маълум аст, ки ба амнияти ҳар як кишвар аз замони қадим то ба имрӯз қувваҳои экстремистӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Як шаҳрванд, аз ҷумла, як инсони равшанфикр дар танҳоӣ чӣ саҳме дар оромии мамлакат дошта метавонад? Шояд барои баъзеҳо ин савол чандон аҳамияте надорад, вале посухи он давомдор аст. Фурсати он аст, ки уламои дин, нафароне, ки дар ҳақиқат, аз илми дунявию динӣ бохабаранд, қабл аз ҳама, пеши роҳи гумроҳии ҷомеаро гиранд. Аҳли қалам чашми насли наврасро ба оянда бояд бикушояд, онҳоро ба роҳи созандагӣ ҳидоят намояд. «Касе дар Ватан ноили амният гардад ва дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст, зеро неъмати амният аз дунё ва аз тамоми чизу чораи он беҳтар аст»

Гироиш ба маънавиёт, рағбат ба таҳсил ва илм, кӯшиши соҳиб гардидан ба касбу ҳунар ва пешаи арзандае, ки инсониятро ба сӯи шоҳроҳи саодати азалӣ роҳнамун месозад, дар замири ҳар фарди соҳибақлу солимфикри ҷомеаи мутамаддин дар ҳама давру замонҳо новобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ вуҷуд дошта, омили асосии таҳрику рушди бани башар гардидааст. Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки инсон давра ба давра равзанаҳои нав ба нави донишро пешорӯи худ боз намояд ва андӯхтаҳои хешро аз саҳифаҳои рӯзгор барои хушбахтии наслҳои оянда дар авроқи китобҳо абадӣ сабт созад. Аз ин ҷост, ки мақому манзалати таърихии мактабу маориф дар рушду такомули тамаддуну фарҳанг боло рафта, олимону донишмандон-зиёиён чун барандагон ва афрӯзандагони машъали илму дониш барои бахту саодати инсонӣ хидматҳои шоиста анҷом додаанд.

Сарвари кишварамон аз оғози ба сари вазифа омаданашон гуфта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам». Дарвоқеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли дерини тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ дар дили ҳар фарди тоҷик ба боварӣ ба ояндаву ба ифтихор табдил ёфт.

 

Изатуллоев Р.И., дотсенти ДКМТ