ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ЭКСТРИМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ БЕТАРАФ НЕСТ

Муаммои экстремизм ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф намудани ин вабои аср мубориза мебаранд. Тоҷикистон низ дар ҷодаи мубориза бо экстримизму терроризм  ҳамеша фаъол аст.

 Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундграворо ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва оид ба ин хатарҳо доимо тавассути ахбори омма мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки 11-октябр интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Ва мо халқи тоҷик аз пештара дида бештар бояд ҳушёру зирак бошем, чунки қувваҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бар сари давлати орому тинҷи мо омада, тухми низоъ бикоранд.

Бештари қувваи ҳаракатҳои ифротгаро барои аз роҳ баровардани насли наврас ва ҷавонон равона карда шудааст. Барои ҳамин мо аҳли зиё дар тарбияи насли наврас  набояд саҳланкор бошем, зеро тибқи он тамоми проблемаҳое, ки дар ҷомеа мавҷуд аст, барои ифротгаро шудани ҳар як фарде, ки дониши кофии динию дунявӣ надорад ва мақсади асосии шомилшуданро дар ин гурӯҳҳо надорад, мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ муборизаи ҳар яки мо бар зидди ингуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ахбори омма сурат гирад.

Беҳуда нест, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷҷати бисёр муҳим “Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ дар ҶТ барои давраи то соли 2020” қабул карда шуд.

Кулли давлатҳои ҷаҳонро мебояд дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя фаъолият намоянд. Барои баъзе кишварҳои дунё терроризм воситаи асосии стратегияи байналхалқи ва олоти амали гардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои экстремизм ва терроризм усулу воситаҳои ошкорою пинҳониро оқилона бояд истифода бурд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нафарони гумроҳшудае, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои мухталиф иштирок доранд, муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки ҳудуди дигар давлатҳо ба доми фиреб афтода ба кишварҳои ҷангзада афтодаанд. Ин ҷавононе ҳастанд, ки на саводи динӣ доранду на саводи дунявӣ, дур аз ватану волидон ба доми фиреб афтодаанд. Барои пешгири намудани чунин раванди номатлуб бояд аҳлона аз як гиребон сар бароварда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем.

Мо бояд сулҳе, ки на ба осонӣ ба даст омадааст, ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ дорем.

Валиева М.

омӯзгори ДКМТ