ТОҶИКИСТОН БАҲРИ ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОН ТАЛОШ МЕКУНАД

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир басуръат рушд намуда, мавқеи Тоҷикистонро имрӯз дар ҷаҳон  ҳамчун кишвари устувору пойдор ва таъсиргузор ба ҳалли проблемаҳои глобалӣ дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор дод. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтарин дастовардҳо ноил гардид ва барои ҳалли проблемаҳои сайёра саҳм мегузорад ва барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ талош меварзад, ки натиҷа аз муҳаббат ва садоқати баланди инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре, ки иттилоъ дорем, имрӯз зиёда аз 151 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёру демкоратӣ ва озод ба расмият шинохтааст ва мамлакати мо бо зиёда аз 126 давлати ҷаҳон равобити дипломатӣ дорад. Албатта, ҳамаи ин муваффақиятҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон бевосита бо талошу кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат дар ин самт ба даст омадааст.

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон феълан сиёсати дарҳои кушодро ба меҳвар гирифтааст, ки барои ин чанд далел ҳам вуҷуд дорад. Агар аз як ҷониб сиёсатҳои дарҳои кушода як сиёсати муваффақ бошад ва меъёри қабулшуда ба ҳисоб равад аз ҷониби дигар як сиёсати хеле равшанро бозгӯ мекунад. Яъне, ҷониби Тоҷикистон бо кулли кишварҳои дӯсту бародар ва давлатҳои ҳампаймон аз рӯйи як меъёри сиёсӣ кор мегирад ва ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.

Дуюм Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кулли кишварҳои ҷаҳон дар доираи Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки як санади муҳим арзёбӣ мешавад ҳамкорияҳояшро ба роҳ монда, равобити дипломатияшро густариш медиҳад.

Дар доираи ҳамкориҳои дипломатӣ ва равобити дӯстонаву ҳасанаи Тоҷикистон бо давлатҳои зиёди ҷаҳон, айни замон кишвар бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон доду гирифти тиҷоратӣ дорад ва миёни ин кишварҳо табодули мол сурат мегирад, ки аз чашмгиртарин муваффақияти чанд соли охир мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ҳидоят ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар сиёсати хориҷияш ба ҳамкориҳои судманду самарабахш ноил гардид, ки бар манфиати давлату миллат мебошад.

Ҳоло давлати Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон барои ҳалли проблемаҳои глобалии амсоли мубориза бо терроризму эктремизм, камшавии оби тоза, вайрон шудани ҳавои муҳит ва дигар масоли муҳим барои ҳаёти башарият ҳамкорӣ мекунад ва Сарвари давлат бевосита барои ҳалли ин мушкилот ва падидаҳои номатлуб пешниҳод ва барномаҳои хешро ироа месозанд, ки дар ҳалли проблемаҳо мусоидат менамояд.

Тоҷикистон дар чанд соли соҳибистиқлолӣ аз як кишвари ҷангзадаву ақибмонда ба як кишвари рӯба рушд табдил ёфт ва робитаҳояшро бисёре аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба роҳ монд, ки хеле ногузир аст. 

                                                                              Ҷураева Х.Ю

                        мудири кафедраи математикаи

                        олӣ ва информатика