ТОҚАТНОПАЗИРӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ МАҲКУМ НАМУДАНИ ЭКСТРЕМИЗМ

«Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти

 муборизаи самарабахш бар зидди хатару  таҳдидҳои замони

муосир, чун пештара шарики табии ҳамаи давлатҳои

 дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақа хоҳад буд ». 

                         Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26.12.2018

 

 

Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби ҷаҳони муосир имрўз кулли мардуми сайёра ва кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.

Раванди ҷаҳонишавии давлатҳои абарқудрат, паҳншавии хатари терроризм ва экстремизм бори дигар ҳақ будани таъкидҳои Пешвои муаззами миллатамонро дар бораи он, ки «Терроризм ва экстремизм сарҳад, миллат ва мазҳаб надорад» –  исбот намуданд.

          Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди давлат ва мақомотҳои қудратию интизомии кишвар ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд, оромию осудагии кишварамонро халалдор созанд. Хусусан, ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ аз ибтидои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдории навин пайваста, кирдорҳои хиёнаткоронаи худро дар қолаби «демократия» ва дину мазҳаб ҷой дода мехоҳад, бо ҳар  роҳ фазои сулҳу суботи кишварамонро халалдор созанд.

Баъди он, ки соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти экстремистию террористӣ эълон гардид, фаъолияти худро бо дастгирии пуштибононии хориҷии худ дар хориҷи кишвар давом дода истодааст. Терроризм ва экстремизм дар кадом шакле, ки зуҳур намояд, яке аз хатарҳои фоҷиабори замони муосир ва ояндаи инсоният мебошад. Дар шароити имрўза терроризм хатари воқеиест, ки ба амнияту бехатарии кишварҳо таҳдид менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки алайҳи паҳншудани хатари терроризм ва экстремизм даъват ба амал оварда, якчанд санаду қонунҳои муҳимро бар зидди ин падидаи номатлуби ҷомеа қабул намудааст. Аз ҷумла,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, « Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8 декабри соли 2003 ва  «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» баҳри муқовимат бар зидди хатари терроризм – экстремизм равона карда шудаанд. Дар моддаи 1 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз ҷумла омадааст, ки «ташаккули вазъи тоқатнопазирӣ дар байни мардуми ҷумҳурӣ нисбати экстремизм яке аз мақсадҳои асосии қонуни мазкур ба шумор меравад».

 Мавриди зикр аст, ки тоқатнопазирӣ – ин пеш аз ҳама бетараф набудан, муросо накардан, муборизаи беамон ва оштинопазир бурдан бар зидди ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошад. Аз ин лиҳоз, тоқатнопазирӣ омили муҳими пешгирӣ ва маҳкум намудани ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Тавре ки ба ҳама маълум аст ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ бештар бархе аз ҷавононро, ки қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбанд, ба ҳар роҳу васила ба доми худ мекашанд. Бинобар ҳамин ҳам, дар руҳияи ватанпарастӣ, арзишҳои миллӣ ва оштинопазирӣ нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намудани ҷавонон яке аз вазифаи муҳими муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала ҳар як омўзгору тарбиятгар ва роҳбари муассисаро водор месозад, ки дар муассиса вазъи тоқатнопазириро нисбат ба терроризм ва экстремизм ба вуҷуд орад.

          Бояд тазаккур дод, ки ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ яъне фош намудани моҳият ва мазмуни мафҳуми «экстремизм» ба мардум алалхусус, ҷавонон яке аз роҳҳои пешгирии ин падидаи номатлуб ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, корҳои фаҳмондадиҳӣ, мубориза бар зидди экстремизм ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки агар мо моҳияти асосии ин мафҳумро то ба афкори ҷаҳонон бурда расонем.

Мазмун ва моҳияти мафҳуми «экстремизм» дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» чунин омадааст: «экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ѓасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад». Аз ин хотир, ҳамагуна чорабиниҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои экстремистӣ бояд аз шарҳу эзоҳ додани мафҳуми экстремизм оѓоз ёбанд ва ин як воситаи аз гумроҳӣ баргардонидан ва ба таҳаммулпазирӣ водор намудани ҷавонон мебошад. Зеро вақте, ки мардум бошуурона моҳияту мазмуни мафҳуми терроризм ва экстремизмро дарк менамоянд, дигар онҳо ба ваъдаҳои бардуруѓ ва технологияи мафтунсозии ин ҳизбу ҳаракатҳо ҳеҷ гоҳ бовар нахоҳанд кард.

Дарки бошууронаи мафҳумҳои «терроризм» ва «экстремизм» ба мардум имкон медиҳад, ки дўстро аз душман фарқ карда тавонанд, мардум ба хулосаи амиқ меоянд, ки душманони миллати мо бо гумроҳсозию мафтункуниашон «дар либоси дўстдорӣ кори душман » – ро анҷом медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм в терроризм барои солҳои 2016 – 2020» мо зиёиён ва роҳбарони муассисаҳои таълимии олӣ ва олии касбиро вазифадор менамояд, ки баҳри бланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷўён, дар руҳияи оштинопазирӣ нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намудани ҷавонон аз ҳамаи роҳу воситаҳои смарабахш истифода намоем. Имрўз ҳамаи моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва қонуну санадҳои дар боло зикршударо, ба роҳбарӣ гирифта, дар таъмини амнияти Ватан саҳмгузор бошем. Зеро  яке аз талаботҳои қонуни мазкур ин ташаккул додани вазъи тоқатнопазирии аҳолии ҷумҳурӣ хусусан, ҷавонон нисбат ба терроризм ва экстремизм мебошад. Дар руҳияи тоқатнопазирӣ ва нафрату адоват нисбат ба терроризм тарбия намудани ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳимтарини оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз, татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» моро водор месозад, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро пурзўр намуда, ҷавонону мутахассисони ватандуст ва худогоҳро ба камол расонем. Зеро душманони миллат, ташкилоту гуруҳҳои экстремистӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд, маҳз ҷавононро ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ба доми худ кашанд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм» ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад.

Бояд тазаккур намуд, ки Донишкадаи  кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаи куҳӣ – металлургӣ ба ҳисоб рафта хатмкунандагони он дар корхонаҳои соҳавӣ саноатию ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият намуда истодаанд. Вобаста ба талаботи замон ва таѓирёбии ҷаҳони муосир дар донишкада ба масъалаи тайёр намудани на танҳо мутахассисони  соҳибкасб, инчунин барои омода намудани мутахассисони ватандўст, худогоҳу хештаншинос таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Аз ин ҷост, ки ба роҳ мондани таълими фанни «Диншиносӣ» ва дар доираи таълими фанҳои «Таърихи халқи тоҷик», «Фалсафа», «Сотсиология»  ба донишҷўён омўзонидани асарҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои арзишманди Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ «чеҳраҳои мондагор», «Забон ҳастии миллат», «Аз ориён то сомониён», «Уфуқҳои истиқлол» аҳамияти махсус доранд. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи  «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат террроризм ва экстремизм барои солҳои 2016- 2020», баҳри пешгирии шомилашвии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, фароҳам овардани вазъи тоқатнопазирӣ нисбат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷўён дар ҳамаи бахшу гуруҳҳои таълимӣ барномаи омўзишӣ оид ба   фош ва маҳкум намудани моҳияти аслии экстремизм ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи татбиқи Стратегияи мазкур дар донишкада мунтазам силсилаи лексияву суҳбатҳо, дарсҳои тарбиявӣ, вохўрию мулоқотҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин роҳандозӣ карда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки имрўз зарур аст, ки ҷавононро дар рўхияи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолаи аҷдодонамон тарбия намоем.Онҳоро баҳри мубориза ҷиҳати пешгирии хатарҳои нави ҷаҳонӣ аз ҷумла, терроризм ва экстремизм инчунин, дигар падидаҳои номатлуб, ки ба сулҳу амният ва суботи ҷомеа таҳдид менамоянд, омода намоем.

Ташкили маъракаҳои сиёсӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ, нашри маводҳои таблиѓотӣ оид ба тарбияи дурусти динӣ, пешгирии воридшавии фарҳанги бегона ва дар руҳияи садоқат ба дастовардҳои Истиқлолияту ваҳдати миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа барои расидан ба ин ҳадафҳо ва татбиқи  «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат террроризм ва экстремизм барои солҳои 2016- 2020» мусоидат менамоянд.

 

 

Фозилзода Мухтор Муродалӣ

Ректори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон