ТОЛИБИ МАЪНИИ НАВ БОШ

Дар толори Шурои олимони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо тазагӣ  вохурии омузгорон ва донишҷӯёни бахшҳои 2-3, ихтисоси 510202 “Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” бо сардори Раёсати робитаҳои байналмиллалии Донишгоҳи давлатии нафту техникии ш.Уфа Чанышев Наил Тагирович ва хатмкардаи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ихтисоси 510202-и “Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Урунов Салимҷон Ёқубович баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва инноватсия дотсент Насриддинов З.З. оғоз намуда суханро ба меҳмонон доданд.Чанышев Н.Г. оиди фаъолияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи давлатии нафту техникии ш.Уфа маълумот дод. Номбурда қайд намуд, ки байни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии нафту техникии ш.Уфа шартномаи тарафайн ба имзо расидааст.

       Чанышев Н.Г. қайд намуд, ки донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ ва 9 хобгоҳ мебошад, дар  донишгоҳ аз 56 мамлакати дунё донишҷӯён таҳсил менамоянд, аз он ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар донишгоҳ асосан донишҷӯёнро аз руи ихтисосҳои соҳаи нафту газ тайёр карда мешаванд. Дар донишгоҳи мазкур зиёда аз 50 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Донишгоҳи мазкур аз руи ихтисосҳои  “Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ”, “Интиқоли маҳсулоти чоҳҳо ба воситаи қубурҳо”, “Геоэкология”, “Ҷамъоварӣ ва омодасозии маҳсулоти чоҳҳо”, “Коркарди нафт ва газ” ва ғайраҳо мутахассис тайёр мекунад.

     Инчунин дар бораи раванди таҳсил, озмоишгоҳҳои илмӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳ, толори варзишӣ маълумот дода наворҳо оиди донишгоҳро ба иштирокчиён намоиш дода шуд.

     Сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ Урунов Салимҷон Ёқубович қайд намуд, ки худ хатмкардаи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон буда ҳоло фаъолияти илмӣ ва меҳнатии худро дар Донишгоҳи давлатии нафту техникии ш.Уфа давом дода истодааст. Номбурда қайд намуд, ки донишҷӯёне, ки хоҳиши давом додани таҳсилро дар соҳаи магистратура доранд ва ё худ мувофиқи шартнома донишҷӯ метавонад 1 ё 2 семестри соли хониш дар донишгоҳи мо таҳсили худро идома диҳанд. Таҳсил бо таври буҷавӣ ва шартномавӣ ба роҳ монда шудааст.

          Бояд қайд намуд, ки ҳангоми сафари хизмати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бошқирдистон ба Донишгоҳи давлатии нафти техникии ш. Уфа низ ташриф оварда буданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди профессорону омузгорон ва донишҷӯёни мазкур вохурӣ ва баромад намуданд. Дар баромади худ оиди рушди соҳаи нафту газ Ҷумҳурӣ, иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва дурнамои он суханронӣ намуданд. Ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони илмии доктории фахрии Донишгоҳи давлатии нафти техникии ш. Уфа дода шуда буд. Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба дафтари қайди меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.

     Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ табодули донишҷӯён дар донишгоҳи мазкур ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёни донишкадаи мо дар соли  дуюми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии нафти техникии ш. Уфа ва Донишгоҳи давлатии техникии нафту гази Тюмени Федератсияи Руссия таҳсили худро давом дода истодаанд, инҳо Марупов Т.Б.бахши 3, ихтисоси 430103-03 “Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ”, Худойзода М.С. бахши 3, ихтисоси  430103-01 “Таъмини корхонаҳои саноатӣ ба барқ”, ва Шарифиён Ш.А. бахши 3, ихтисоси 330101-05 “Ҳифзи муҳандисии муҳити  зист” мебошанд. Дар охири мулоқот донишҷӯён аз меҳмонон ба саволҳои худ посух гирифтанд. 

 

 

Олимов А.А.

мудири кафедраи

геология ва корҳои нафту газ

Почоев А.А.

ассистенти кафедраи

геология ва корҳои нафту газ