ТИФЛЕ, КИ МАРИЗ БА ДУНЁ ОМАД…

Тифле, ки се сол Кабирӣ дар интизораш буд, дар Варшава таваллуд шуд. Рӯзи мавлудаш ҳама падару падархондҳояш ҳатто дастобадаст рақсиданд. Рақсе нестандарҷаҳон. Дар зери оҳанги “Дубора созамат Ватан”. Зуд бадхоҳон шоҳбайтро дигар карданд: “Дубора сӮзамат Ватан!”. 
Ба навзод номе зебо ниҳоданд: Паймони Миллии Тоҷикистон. Ва ҷанҷоле бархост, ки идеяи ном дуздӣ будааст. Дигар чанд рӯз на касе аз барномаю корнома мегуфт, на аз вазну вазъи ин “тифли бехосият” (ибораи яке аз наҳзатиён). Тую ман, гӯю магӯ, кашмакаш то Лондону Порису Берлин расид.