Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати мубоисаи ду нафар аз мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар дар радиои Амрико, яке Додоҷони Атоулло ва дигаре Муҳиддини Кабирӣ фикру ақидаи мухталифро баён карданд.Дар ин мубоҳиса М. Кабирӣ мехост, ки Додоҷони Атоулло ба мусолиҳа даъват кунад. Ӯ пешаки худро ба ҳайси омӯзгор омода намуда ва мехост, ки Додоҷони Атоуллоро ба “роҳи ҳақиқат” равон кунад. М.Кабирӣ дар ибтидои суханрониаш Додоҷони Атоуллоро ситоиш карда гуфт, ки “Мо хизматҳои Д. Атобуллоро ба эътибор мегирем”.Сипас ӯ таъкид намуд, ки нуфуз ва қувваи ҳаммаслакони ман бузург аст. Мақсад аз баёни ин суханҳои ӯ он буд, ки Додоҷони Атоулло ба самти худ моил кунад, вале аз дақиқаҳои аввал маълум гардид, ки Додоҷони Атоулло ҳеҷгоҳ ба М. Кабирӣ мусолиҳа кардани нест, дар натиҷа тарбуз аз бағали М. Кабирӣ афтид. Додоҷони Атоулло қайд кард, ки то омадани М. Кабирӣ мухолифини бурунмарзӣ дар Аврупо ягона буд. Баъди омадани М. Кабирӣ корҳои зерипардагӣ ифшо гардид. Мухолифини обурӯманди тоҷик Ҳофиз Бобоёров, Саидмуҳиддини Дустмуҳаммадиён, Бахтиёр Аминӣ, Абдуазим Абдуваҳобов, Исфандиёри Назар, Ганҷина Ганҷова, Ҳарамгул Қодирӣ ҳеҷгоҳ бо М. Кабирии дурӯя муттаҳидшудани набуданд. Ҳангоми ба Аврупо омадани М. Кабирӣ бисёре аз тоҷикон депорт карда шуданд. Баъди суханони Додоҷони Атоулло М. Кабирӣ ба ӯ мегӯяд: “Аврупо барои баъзеҳо чарогоҳ нест. Додоҷони Атоулло дар ҷавоб гуфт, ки шумо дар Аврупо ба мисли Файзобод чарогоҳ не балки оғил ё ин ки аниқтараш говхона бунёд кардед”. Солҳои охир шумо бар муқобили ман террор пеш гирифтед, ки то ҳол давом дорад. М. Кабирӣ дар ҷавоб гуфт, ки ман бар муқобили шумо чизе нанавиштаам ва ба чизҳои навиштаи ҳаммаслаконам ҷавобгар нестам ва онҳоро назорат карда наметавонам.
Аз ин гуфтаҳои М. Кабирӣ бар меояд, ки ҳатто байни ӯ ва ҳаммаслаконаш ихтилофот дида мешавад. Яъне М. Кабирӣ қадру қиммати худро назди пайравонаш аз даст додааст. Додоҷони Атоулло ба ӯ писхандзанон мегӯяд, ки мувофиқи супоришатон каззобони шумо бар муқобили ман менависанд. М.Кабирӣ дар ҷавоб мегуяд, ки ин саҳеҳ нест. Додоҷони Атоулло ба М. Кабирӣ муроҷиат карда гуфт: Шумо ташкилоти сиёсӣ не, балки танҳо як фирқа ҳастед ва ҳеҷ кас бе иҷозати шумо чизе наменависад. Зердастони шумо Олим Шерзамонов ва Темури Варқӣ дар давоми ду сол Қадам Исматовро аз номи ман террор карда буданд. Вақте , ки ӯ расми худро бо баёноташ дар фейсбук гузошт на Темур ва на Олим ва дигар аъзоёни ташкилоти шумо аз ӯ узр напурсиданд. Баъд аз он М. Кабирӣ лол гашта аз Қадам Исматов узр пурсид. Аҷибтараш дар он аст, ки Додоҷони Атоулло пардаро аз рӯи М. Кабирӣ кушода гуфт, ки ӯ бозичаи хадамоти махсуси инқилоби Эрон мебошад. Баъд аз ин гуфтаҳо М.Кабирӣ фикр нокарда гуфт, ки ман дар радиои Амрико низ баромад мекунам, ин нишон намедиҳад, ки маро Амрико дастгирӣ мекунад ва ҳатто метавонам дар ВАО- и Исроил баромад кунам. Ин гуфтаи М.Кабириро агар хоҷагони эрониаш бишнаванд, ки шиори 24 соатии онҳо “марг ба изроил”- ро доранд чӣ гуна қабул мекарда бошанд. Дар давоми 25 соли охир ҲНИ дар байни аҳолии Тоҷикистон нисбат ба яҳудиҳо кинаву адоватро роҳандозӣ мекунад. Агар ба М. Кабирӣ ягон мухбири исроилӣ суол диҳад “Шумо имрӯз нисбати яҳудиҳо чӣ мепиндоред?”М. Кабирӣ ба ин суол чӣ ҷавоб медода бошад.
Дар рафти мубоҳиса маълум гардид , ки барандаи мубоиса Мирзонабӣ Холиқзод бештар ба М. Кабирӣ таваҷҷӯҳ дорад ва ба ӯ вақти зиёд ҷудо намуд ва баъзан ҳатто суханони Додоҷони Атоулло мебурид. Хулоса баҳсу мунозараҳои тарафайн нишон дод, ки М. Кабирӣ натанҳо дар байни миллати тоҷик, балки дар назди мухолифини бурунмарзӣ ва ҳатто дар назди ҳаммаслаконаш низ ягон қадру қиммате надорад.
Ғафоров С.Ҷ. –омӯзгори калони кафедраи фанҳои табиӣ-илмии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон.