Шумо дар фасли тирамох Бадахшон будед? Не? Афсус, ин диёри афсонави айёми тирамох боз зеботар мешавад. Фасли хазонрези поиз ба ин диёр хусни нав зам мекунад. Мардум тадричан охиста аз кухсор поён мефароянд, рамахоро аз чарогохи тобистона ба зимистонгузарони поён мефароранд. Обхо андар дарё боз мусаффо мешавад. Чах-чахи хониши паррандагон дар шохсорон чолиб аст. Чормагзхои хавлии мо бамазза аст . Модарам ба сабат чормагз мечинад.
Оре, Бадахшон тирамох зебову ором аст. Ин минтакаи амнро бо садои гушхароши силох ноором накунед. Як садои тир кофист ки аз шохсорон паррандахо ба суи кухсор парвоз кунанд.
Мо мехохем ба навои дарёи шухи Панч навои булбул хамоханг шавад. Ва тирамох хам Бадахшон зеби тамошо бошад.
Сурма Силмонова, муаллимаи кафедраи забони давлати ва забонхори хоричии ДКТМ