ТЕРРОРИСТ ДИН, МИЛЛАТ ВА ВАТАН НАДОРАД

Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад,ки  дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувору хирадмандонаи Пешвои миллат  дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.

Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз  зуҳуроти номатлуби замон ба ҳисоб  рафта, мубориза бар зидди ин вабои аср   қарзи ҳар як инсони бонангу ватандӯст  мебошад.

Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисҳо  ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, ваъзияти орому  осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебарад .

Бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр кишварҳо  одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд.

Ҳамагон  хуб медонем, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки  вирди забонҳо шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон касоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлату ҷомеа боло гузошта, мехоҳанд мақсаду мароми нопоки худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.  Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.

Имрӯзҳо мутассифона гурӯҳҳои ифротгаро бештар ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд ва  «ба даст овардани пули хуб» фирефта намуда,  ба доми макри худ мекашанд, шомилшавии наврасону ҷавонон, занону духтарон  ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар давлати ба ном исломӣ,  меҷанганд, ки  аксарияти онҳо дар ин мулки бегона қурбон мешаванд, ва имруз моро зарур аст,ки ба ин вабои аср бетараф набошем , фарзандони худро, ки дар дохил ва хориҷи кишвар зиндагӣ ва таҳсил   доранд, нагузорем, ки фирефтаи  гурӯҳҳои тундрав гардиданд ва ба Модар- Ватани худ хиёнат кунанд.

Баъзеҳо пайдоиши мафкураҳои террористиро ба таъйиноти ақидаҳои динӣ марбут медонанд ва бад-ин васила ҳадафҳои нопоки худро пиёда месозанд. Ин, бешак хато аст, зеро тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд: «Терроризм дин, миллат ва ватан надорад».

Роҳбари давлат чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад.  

Имрӯз моро зарур аст,ки насли худогоҳ ва ватандӯстро ба камол расонем  ва онҳо аз таъриху фарҳанги ғании худ огоҳ бошанд,дар ҳифзи  меҳани худ ва якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд, барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор ва барои халқу ватани худ фарзандони содиқи миллат  бошанд. 

Саксанова Н.А.

омӯзгори калони кафедраи эколгия