ТЕРРОРИСТӢ БУДАНИ ҲАМКОРОНИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ ОШКОР МЕГАРДАД

ИМА созмони ҳарбии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро, ки дар ҶИЭ фаъолият мебарад – Созмони террористии байналхалқӣ эълон кард. Ниҳоди номбурда бо амри Руҳуллоҳ Хумайнӣ  барои пиёда сохтани сиёсати давлатии ҶИЭ ва нигаҳ доштани инқилоб ва давлати номбурда таъсис ёфта буд. Ниҳоди номбурда дар кишварҳои дигари олам низ ба фаъолияти ҳарбӣ машғул аст ва аз ҳама бештар он дар Шарқи Наздик амал мекунад. Ҳадафи ин созмон дар олам паҳн кардани нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ногуфта намонад, ки ин созмон аз ҳамкорони ҳизби наҳзат низ мебошад. Вақте ки соли 2015 Тоҷикистон ҲНИТ-ро террористӣ эълон карда буд, аксари кишварҳо иддао доштанд, ки он террористӣ нест. Анкун Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ИМА расман созмони террористии байналхалқӣ эълон кард. Ин ниҳод бо ҲНИТ ҳамкориҳо дошт.

Аз ин пеш Созмони посдорони инқилоби исломӣ ба бомбгузорӣ дар Ҳинд, Баҳрайн, ҷосусӣ дар Кувайт, ҳузур дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ айбдор мегаштанд.  Иттиҳоди Аврупо ҳисобҳои бонкии мутааллиқи ин созмонро маҳкам карда буд. Нисбати фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ ИМА ва Аврупо таҳрим эълон кардааст.  Ҳоло ИМА иддао дорад, ки он ширкатҳое, ки бо созмони номбурда ҳамкорӣ мекунанд, амалашон ҳамчун ҳамкорӣ бо террористон баҳо дода мешавад.

Дар робита ба ин ҳаминро гуфтан сазовор аст, ки Созмони посдорони инқилоби исломӣ ҳамфикрони худро дар тамоми олам дастгирӣ мекунанд ва дар байни опозитсияи тоҷик ҳаводорону ҳавохоҳони ин созмон кам нестанд. Бисёр фаъолони мухолифини тоҷик ё хатмкардаи мактабҳои олии Эронанд ва ё бо намоядагиҳо ва созмонҳои ин кишвар ҳамкории устувор доранд.  Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ яке аз ҷонибдорони нањзатињои тоҷик аст ва кам нестанд пайравони ҲНИ, ки ин созмонро надонанд ва ё дар он таълим гирифта набошанд.

Эълон гаштани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистон дуруст карда будааст, ки ҲНИТ-ро террористӣ эълон кардааст.

Раҳимов Б. – муовини декан оид ба тарбияи факултети забонҳои шарқ.