ТЕРРОРИСТӢ БУДАНИ ТТЭ ҲНИ ДАР ОЛМОН НИЗ ИСБОТИ ХУДРО ЁФТ

Чанде қабл расонаҳои олмонӣ ва байналмилалӣ аз қавли мақомти Олмон хабареро нашр намуданд, ки дар он роҷеъ ба дастгир шудани панҷ нафар паноҳандаи сиёсӣ сухан мерафт, ки баҳри ҳамкорӣ бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва тарзрезии як амали террористӣ дар қаламрави Олмон боздошт гардидаанд.

Ҳарчанд нахуст номи ин панҷ нафар боздоштшуда, махфӣ нигоҳ дошта мешуд, дертар мақомоти Олмон шахсияти ин 5 боздоштшударо ба ихтиёри расонаҳо гузошт, ки маълум шуд ин нафарон аъзоёни ТТЭ ҲНИ будаанд ва тибқи шартномаи ҳамкории ТТЭ ҲНИ бо созмони террористии “Давлати исломӣ” дар Олмон нақшаи содир намудани амали террористиро доштаанд.

Акнун ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро маҳз аъзоёни ТТЭ ҲНИ мехоҳанд дар Аврупо амалҳои террористиро содир намоянд?

Ҳоло мерасем ба ҳақиқати ҳол, ки то ин дам аз ҷониби расонаҳои наҳзатпарвар ва наҳзатӣ ин ҳақиқат пинҳон дошта мешуд ва ҳатто радиои “Озодӣ”, ки минбари террористони наҳзатист аз ин панҷ нафар ҳамчун тоҷик ёддоварӣ кардаасту аъзои ТТЭ ҲНИ буданашонро сарфи назар намудааст, ки ин ҳам як навъ руйпӯш намудани ҳақиқат аз ҷониби кормандони радиои террористпарвари “Озодӣ” мебошад.

Акнун дигар аён шуд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар кадом гӯшаву канори олам, ки набошанд, ҳатман бар миллат ва давлат хиёнат мекунанд ва ҳатто бар Аврупо, ки ин палидонро ҷой додааст, имрӯзҳо хиёнати ин тоифа аён мешавад, ки хеле нигаронкунанда аст.

Ҳарчанд хеле қабл коршиносон ишора намуда буданд, ки Аврупо аз ҷо додан ба наҳзатиён ҳатман пушаймон хоҳад шуд ва имрӯз мебинем, ки ин фурсат расидааст. Зеро бадкеш ҳатман бадкешии худро хоҳад кард ва ин наҳзатиёни террорист, ки бо хуни бегуноҳ рехтан одат кардаанд дар Аврупо низ тоқат накарда, даст ба амалҳои террористӣ заданд, ки оқибат ошкор шуданд. Ёдрас мешавем, ки замоне роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии палиду террорист дар Туркия қарор дошту аз он ҷо ҷавонони тоҷикро гумроҳ намуда ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” мефиристод ва дертар маълум шуд, ки ин ҳама ҳамкориҳо дар асоси як қарордод байни ин ду созмони террористӣ мебошад.

Ҳоло, ки Кабирии террорист дар Олмон қарор дорад кӯшиш намуд, ки дар он ҷо низ хиёнат намуда, пинҳон кунад, ки ин бор ҳақиқат рӯ зад ва мақомоти Олмон дарёфт, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳама террористони палид ҳастанду халос.

Ин ҷо ин нуктаро қайд намудан мумкин аст, ки ҳатто дар Аврупо ҳам дигар чеҳраи террористони наҳзатӣ пинҳон намонд ва ҳама аврупоиён дарёфтанд, ки Кабирии палид ва аъзоёнаш ҳама авбошу террорист ҳастанд.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ