Панҷ нафар аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки 15-уми апрел ба гумони даст доштан ба ҳамлаҳои террористӣ дар Олмон боздошт гардиданд, шахситашон ба куллӣ ошкор шуд. Тибқи иттилои расонаҳо ин панҷ нафар бо созмони террористии “Далвати исломӣ” ё худ “ДОИШ” ҳамкорӣ доштаанд ва барои омода намудани ҳамлаҳои террористӣ омодагӣ медидаанд. Ҳарчанд дар аввал аз узви ТТЭ ҲНИ будани ин панҷ нафар иттилое дар даст набуд, аммо пас аз баромади фаврӣ ва ҳимояти раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирии палид аз ин панҷ террористи боздоштшуда, маълум гардид, ки ин нафарон дар ҳақиқат ҳам аъзои ТТЭ ҲНИ будаанд ва дар асоси робитаи ТТЭ ҲНИ бо ДОИШ ба Сурия низ ташриф бурдаанд.
Ёдрас мешавем, ки наҳзатиёни малъун дар канали Зелло як гурӯҳе доранд бо номи “Роҳнамо ба Сурия”, ки тариқи он ҷавонон ва аъзоёни ҳизбашонро ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳамроҳ менамоянд ва ин ҷавонони боздоштшуда ҳам аз ҳамон тоифае ҳастанд, ки гумроҳ шудаву дар хизмати наҳзатиёни малъун афтодаанд ва ҳоло дигар ҳолашон аз он ки дар тақдирашон табоҳӣ буд боз ҳам табоҳтар шуд.
Яъне ҳамон нияти бад ва тоҳ оқибат ба зиндагии ин панҷ нафар низ таъсир кард ва ҳамон табоҳии дилашон ба табоҳии воқеияти ҳаёташон оварда расонид, ки ин ҳолат дар ҳаёт бисёр рух медиҳад. Мисле, ки замоне наҳзатиёни малъун ба қадри ин ватан нарасиданду бар ивази маблағ носипосӣ бар ин миллат карданд ва акнун худ дар бадару беватананд, ки ин ҳам нишони чархи гардон ё худ нияти носолим ва сиёҳ оқибат ба худи сиёҳдилон таъсир кунад мегӯянд, ки сад дар сад дуруст аст.
Ҳоло акнун қазияи ин панҷ нафари боздоштшуда дубора аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам наҳзатиёни малъун ҷиҳати омода намудани террористон бо созмонҳои террористии дигар ҳамкории зич доранд ва ҳамеша аъзоёни худро ба ин созмонҳои террористӣ мефиристанд, мисле, ки ин панҷ нафарро фиристоданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара низ ҳамла намуда буданд, ки дертар ҳуввияти ин ҳамлаварон ҳам ошкор шуд ва маълум гардид, ки бо супориши ТТЭ ҲНИ ин ин ҳамлаи террористӣ анҷом шудааст. Пас аз ин ҳолат метавон чунин хулоса баровард, ки наҳзатиён кистанд ва чи касоне ҳастанд?!
Албатта, ин бори аввал нест, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва махсусан созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳад ва ё ин ки нақшаҳои террористиро тарҳрезтӣ менамояд, ки ин худ гувоҳ аз бадкешу бадсисришт ва бадгавҳар будани ин наҳзатиёни малъун шаҳолат медиҳад.
Наҳзатиён ин бор дар Аврупо ҳам маълум карданд, ки дар ҳақиқат барои башарият зарар меоваранд ва ҳамеша барои зараррасонидан ба ҷомеа талош меварзанд ва ҳамон одати қаблӣ ва рафтори кӯҳна, яъне террористӣ дар онҳо боқӣ мондааст. Ва албатта ин амалҳо дубора исбот менамояд, ки дар ҳақиқат ҳам аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамон терронистони дарс гирифта аз Усома ибни Лодану дигар манфуртарин чеҳраҳо ҳастанд ва мақсадашон ҳам зарар расонидан бар башарият мебошад.
Ҳоло дигар ин амали наҳзатиёнро ҳар кас ба ҳар гунае шарҳ медиҳад ва мо фақат метавонем ҳаминро илова кунем, ки дар ҳақиқат ҳам ин тоифаи бадкеш барои бадном кардани миллат ва ба мақсади сиёҳ ноил гардидан аз ягон роҳ намегарданд ва ҳамеша талош меварзанд, то ҳадди ақал бар ин миллат аз роҳе хиёнат намоянд.
Ин наҳзаётини малъунроӣҳатман рӯзе дар Аврупо бадарға хоҳанд кард, зеро аврпуоиён фаҳмиданд, ки дар ҳақиқат ҳам аъзоёни ТТЭ ҲНИ террорист будаанд ва имрӯзҳо ҳам далелҳо кофист, ки Аврупо ангушти пушаймонӣ газад. Зеро бо ҷой додани наҳзатиён Аврупо бузургтарин иштибоҳ кард ва акнун ин иштибоҳашро намедонам бо чандин ҳамлаҳои террористӣ дарк хоҳад намуд, чунки наҳзатиён мисли ҳамон море ҳастанд, ки ҳар қадар ғамхорӣ кунед, оқибат боз заҳр мезанад.
Меҳвар Абдусаломов
устоди донишкада