Дар айни замон дар пешорӯи инсоният як қатор масъалаҳои глабалӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи ҷаҳон аст. Терроризм дар замони ҳозира яке аз чунин масъалаҳои хатарнок ба шумор рафта, беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глаболӣ касб мекунад. Ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад.
Шаклҳои зуҳури терроризм гуногунанд. Бинобар ин, мутахассисон онҳоро чунин тақсимбандӣ мекунанд: терроризмӣ давлатӣ, терроризмӣ байналмилалӣ ва дохилдавлатӣ. Аз ин рӯи мавзӯъ ва мақсад тероризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ ва этикӣ тақсим мекунанд. Бо вуҷуди ин то ҳол таърифи мукаммали терроризм дода нашудааст.
Мақсади асосии терроризм аз рӯи маълумоти бадаст овардашуда зуроварӣ ва даҳшатафканӣ расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ мебошад. Ҷуғрофияи паҳншавии созмониҳои террористӣ бисёр васеъ паҳншуда мебошад.
Яке аз хислатҳои ҷавонон ҳамчу субъекти муносибатҳои сиёсӣ марбут ба хусусиятҳои марзи иҷтимоӣ – иқтисодии онҳо мебошад, ки аз ноустувории нисбӣ, тағйирёбии мавқеи ҷавонон дар сохтори ҷамъиятӣ мақомоти иҷтимоии начандон баланди онҳо, маҳдудияти алоқаи иҷтимои – сиёси ва иштироки сиёси муайян карда мешавад. Ин вазъияти ҷавононро ба дигар гурӯҳҳо ташаккулёфтаи иқтисоди ва иҷтимоӣ дар мавқеъи нобаробар мегузарад. Бо ҳамин муҳити мусоиди низоъҳои гуногуни иҷтимоӣ зеро таъсири омилҳои идеалогии беруна қарор гирифта, аксар вақт тобиши сиёси мегирад.
Ҳамин тариқ, дурнамои пешгирии фаъолияти террористиву экстремитсти бояд ба таҳкиму ҳамгирони таъсири тарбиявии оила, мактаб, муассисаҳои таълимии касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ воситаи ахбори омма равона карда шавад. Асоси сохтори ташкилӣ барои пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои экстреместӣ ва террористи дошта низоми амалкунандаи давлати оид ба ошкор, пешгирӣ ва боздошти амалҳои террориз машғулан, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф амнияти зиддитеррористиро дар доира салоҳияти худ тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» «Дар бораи муборриза бар зидди экстримизм» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Одирматова Умедахон
ассистенти кафедраи
таъминоти барқ