ТЕРРОРИЗМ-ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАИ МАНФУР ВА ВАБОИ АСР

Яке аз муаммоҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ мебошад. Инчунин ин падидаи номатлуб кишвари моро низ ба ташвиш оварда боиси нооромиҳо гардидааст. Омили асосие, ки имрӯз ҷавононро ба дому ифроту ҷаҳолат кашида истодааст, ин ҷанги иттилоотӣ, пахши ғояҳои ифротгаро ва моҷароҷӯ  тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Бояд фаромуш насохт, ки “Терроризм дин, миллат ва ватан  надорад”. Гурӯҳи манфиатхоҳ бо ҳар гуна роҳу васила нақшаву ниятҳои нопоки хешро бо амалҳои террористӣ ба мисли тарконидан, ба асирӣ гирифтан, қатлу куштор мехоҳанд амалӣ намоянд. Таърих нишон медиҳад, ки ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод менамояд. 

       Дар сиёсати давлатдории имрӯзаамон диққати ҷиддӣ дода мешавад барои решакан кардани ин падидаи номатлуб. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашудаистода, ҳоло байни ҷавонон ҳастанд нафароне, ки пешрафту субот, сулҳу ваҳдат, оромиву тинҷӣ ва осудагиву саодатмандии халқи шарифамонро нодида гирифта, нақшаи нооромии авзои ҷомеа, гумроҳ сохтани мардум ва вайрон кардани мафкураи ҷавононро тарҳрезӣ намуда истодаанд.

       Аз ҷумаи чунин хиёнатпешагону тангназарон аъзо ва пайравони ташкилотҳои экстремистӣ-таррористии ҳизби наҳзати ислом, паймони миллӣ  ва дигарон маҳсуб  меёбанд. Хоинону бадхоҳони миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлоли кишвар ҳар аъмоли зишту хиёнаткоронаеро мехоҳанд амалӣ гардонанд, махсусан айёми баргузории иду ҷашнҳои миллӣ ба нақша мегиранд.  Аз ҷумла, амалиёти мусаллаҳонаи генерали хоин Абдуҳалим Назарзода, 4.09.2015 дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамлаи ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ  дар деҳаи Себистон  дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шаҳодати  гуфтаҳои  болоист.

        Аъмоли разилонаву хоинонаи чанде аз нохалафон дар мавриди ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”, ки дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи кишвар сурат гирифт шаддидан маҳкум менамоем.

        Тарк кардани давлат ва шомил шудан ба чунин созмону ҳаракатҳо амалӣ хоинона ва нобахшиданӣ маҳсуб меёбад.

       Дар замони ҳозира муайян аст, ки ҷавонон табақаи осебпазир буда аксар гумроҳон аз ин табақаанд. Омилҳои хеле зиёде мавҷуд ҳастанд, аз қабили пешравии технологияи иттилоотӣ, паст будани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, паст будани маърифати динии ҷавонон, аз ҷиҳати сиёсӣ мукаммал набудани ҷаҳонбинии ҷавонон,  ки ҷавонони мо ба ҳар гуна ин ҳизбу ҳаракатҳо шомил гардида истодаанд. Ҳаракатҳои ифротӣ ин омилҳоро хуб дарк намуда аз пешравии технологияи иттилоотӣ истифода намуда, бо воситаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ истифода  бурда маводҳои ташвиқотии худро паҳн менамоянд. Ҷавонон аз ин таблиғотҳо аксаран бемақсадона истифода бурда, чӣ гуна ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил шуданашонро нофаҳмида мемонанд.

        Бинобар  ин, ҳар яки мо шаҳрвандони боақллу бофаросати кишвар, ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда  бирасем, зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем  бар зиддӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа, азҷумла терроризму экстремизм мубориза барем ва сайъу кӯшиш намоем, ки сулҳу суботи тоҷикон то абад пойдор бимонад.

       Ҷавононро ба омӯзиши илму фарҳанг ҳидоят намоем. Зеро ҷавонон ояндаи миллатанд. Баҳри решакан намудани ин вабои аср ҳама гурӯҳҳои иҷтимоӣ якҷоя бояд мубориза барем. Мо ҳама вақт маҳкумкунандаи терроризм ҳастем. Умед дорем ин хатари ҷаҳони муосир пурра аз байн рафта ҷоҳони имрӯзро сулҳу амният доимо фарогиранда бошад.

 

Қутбидинова Б.О.

омӯзгори кафедраи фанҳои

 гуманитарӣ-иҷтимоӣ