Терроризм – шабаҳи ногувори инсоният

Бо роҳи ғайриқонунии зўрию даҳшатафканӣ тарсондан ва пахш кардани рақибони сиёсӣ терроризм аст. Маҳз созмонҳои экстремистӣ бавуҷудоварандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсадҳою ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Гурӯҳҳои террористии ал-Қоида, ДОИШ, Ҳизби Таҳрир, Бародарони Мусулмон, Ҷунбиши Толибон, Ҳаракати исломии Ўзбекистон, Равияи Салафия, Ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвону-л-муслимин, Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, Ҷамоати муҷоҳидини Осиёи Марказӣ, аш-Шабоб, Ансоруллоҳ номгўи нопурраи ҳаракатҳои террористӣ мебошанд.
Аз амалҳои террористон бештар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Инро мо дар мисоли амалҳои террористии ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Ирландияи Шимолӣ, Фаронса, ИМА, Африкаи Шимолӣ мушоҳида намудаем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла таъкид намуд, ки: «терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд».
Имрўз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст.
Дар қонунгузориҳои кишварҳои гуногун ба симои терроризм шаклан фарқкунанда, вале моҳиятан якхела ва дуруст баҳо додаанд: дар қонуни ҷиноии Фаронса амали террористиро амале медонанд, ки ба василаи он низоми умумӣ халалдор мегардад. Дар қонуни ҷазои Португалия терроризмро таҳдид ба манфиатҳои миллӣ, тағйир ё нобуд кардани ниҳодҳои давлатӣ мешуморанд. Ҳамин гуна таърифи терроризм, ки онро харобкорӣ дар низоми ҳукумат медонанд, дар қонуни ҷазои Италия низ ҷой дорад. Соли 2000 дар Англия қонуни мубориза бар зидди терроризм қабул гардид, ки миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо беҳтарин қонуни мубориза бар зидди терроризм ба ҳисоб меравад. Терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил ба яке аз асоситарин хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарноктарин таҳдид ба муқобили сулҳ, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва суботи ҷаҳонӣ табдил шудааст.
Барои маҳви терроризм бояд сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои густариши он мавриди омўзиш қарор гиранд. Бидуни омўзиши дақиқ ва илмии сарчашмаҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм имкони нест кардани он вуҷуд надорад.
Имрўз терроризм қудрати ҷанги идеологию иттиолотиро дорад ва азми ба даст овардани аслиҳаи биологӣ, кимиёӣ ва ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Аз ин рў мубориза бо терроризми байналмилалӣ кори осону саҳл нест. Амали террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико исбот намуд, ки ягон кишвари дунё аз хатари террористӣ эмин нест. Таърихи терроризм ба таърихи сиёсии башарият ҳамсол аст. Террористон барои ба даст овардани қудрат, амалӣ гардонидани ғаразҳои худ аз гурӯҳҳои сиёсӣ, қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ истифода мекунанд.
Терроризми қадим бо воситаҳои сода, бо хушунат ва вайронкорӣ барои ҳадафҳои сиёсӣ анҷом меёфт, терроризми имрўз аз воситаҳои бисёр пешрафта истифода мекунад ва ташкили амалҳо хеле печ дар печ аст. Дарқадим террористон ба худкушӣ (худро тарконидан) хеле кам даст мезаданд. Имрўзҳо террористон ғолибан худкушанд. Фарогирии ҷуғрофии терроризмиқадим маҳдуд буд, ҳоло террористон дар сатҳи ҷаҳонӣ амал менамоянд. Гурӯҳи террористии «Алқоида» дар Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Голландия, Белгия, Испания, Алҷазоир, Судон, Марокаш, Тунис, Либия, Нигерия, Кения, Яман, Ироқ, Сурия, Урдун, Туркия, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Малайзия, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон ва дар беш аз 61 давлати дунё ниҳодҳои сиёсӣ ва ташкилотӣ дорад.
Дар таърихи 3500-солаи башар ҳамагӣ 250 сол одамон бе ҷанг дар шароити суботи ҷамъиятӣ ба сар бурдаанд. Шурўъ аз таъсиси Созмони Милали Муттаҳид то имрўз 150 ҷанг рух додааст. Аз соли 1945 то соли 1985 бе назардошти қурбониёни бомбаборони Нагасаки ва Хиросима 23 миллион нафар дар 135 ҷанг кушта ва 12 миллион бе сарпаноҳ монданд. Фаъолияти террористон ба як ё якчанд давлат маҳдуд нагардида, қудрати осебрасонии онҳо хеле паҳновар ва ҷаҳонӣ аст.
Эгамов М.Х. дотсенти кафедраи таъминоти барқи ДКМТ
Абдилламидов А. муаллими калони ҳамин кафедра