ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БАР ҶОМЕАИ БАШАРӢ

Имрӯзҳо авзои глобалии ҷаҳон хеле тағйир ёфтааст ва падидаҳои номатлуб ба шаклгирии равандҳои сиёсӣ барои ҷомеаи мустақил халал мерасонанд, мисле, ки имрӯз низ мебинем дар ҷаҳон чӣ гуна падидаҳои номатлуб ба ҳаёти мустақаили аҳли сайёра хатар эҷод менамоянд. Яке аз чунин падидаҳои номатлуб ин терроризм ва экстремизм мебошад, ки ҳоло ҷаҳонро андак тирагун сохат дорад. Албатта зуҳури терроризм ва экстремизм таърихи нав нест ва дар қадим ҳам дар шаклҳои гуногун вуҷуд дошт, аммо имрӯз он дар шакли нав ва бо нияти инсонбадбинӣ рушд меёбад, ки бисёр ҳам хатарнок аст.

Ҳарчанд маълум аст, ки баъзан абарқудртаҳо низ талош мекунанд, то аз гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ба манфиати худ истифода намоянд, аммо мебинем, ки дигар масъала ранги дигар мегирад. Ҳамасола аз амалҳои террористӣ садҳову ҳазорон нафар ҷон медиҳанд, ки ин бонги хатар мебошад.

Зеро гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ фақат даст ба харобӣ мезананд, ки ин хеле ба ҷаҳон ва кишварҳо зарар дорад. Аз расонаҳо ҳамарӯза маълум мешавад, ки созмони террористии “ДИИШ”  барои барҳам задани ҳаёти осоишта дар кишвари Сурия  шаҳрҳоро валангор намуду ҳазорон-ҳазор бегуноҳро ба қатл расонид, ки ба худ омадани Сурия ба ин наздикиҳо дар гумон аст. Ҳамчунин Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом дар қаламрави кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуд, ки назар  ба он солҳо то ба имрӯз ба ҷуз аз зарари ҷисмониву молиявӣ кишвар анқариб 10 сол бар қафо баргашт. Ин аст зарари терроризм ва экстремизм, ки ҳатто Афғонистон анқариб чаҳор даҳсола боз наметавонад сулҳу суботро соҳиб шавад.

Аз ин лиҳоз ба таври оммавӣ пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб ва зараррасон барои ҷомеа ҳатмӣ мебошад ва бояд ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсияшро ҳифз кунад ва ба тавтеаву иғвои душманон дода нашавад.

Саидов А.

омӯзгори ДКМТ