ТЕРРОРИЗМ- ТАҲДИД БА ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ИНСОНИЯТ

Имрўзҳо тероризм ва гурўҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси нигарониҳои кишварҳои олам  гардидааст. Аз ин рў ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошанд.

  Яке аз масъалаҳои доғи рӯз дар ҷаҳоини муосир ин терроризм, экстремизм, шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, бесаводӣ, надонистани дин ва рукнҳои он, ҷаҳонбинии танг, ин хатари даҳшатангезу марговар сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст.

Ҷаҳони имрӯзаро дар баробари пешравиҳои иқтисодиву ичтимоӣ ва дигар дастовардҳои илмиву техникӣ, кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳо низ домангир шудааст, ки боиси хавотирист.

Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртибот надоранд, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд.

Имрӯз ҳодисаҳои мудҳише, ки аз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванд, боиси ҳалокати ҳазорон одамон мегарданд, водор мекунад, ки барои саводнок шудани ҷавонон, алалхусус, аз ҷиҳати сиёсӣ ҷаҳду талош бояд кард. Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм дар сатҳи паст қарор доштани дониши дунявӣ, ки аслан ҷавононро ба сӯи корҳои номатлуб мебарад. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳуроти номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин вазифаи ҳар як нафар шаҳрванди ба ору номуси миллат мебошад. Терроризму экстремизм ва оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.  Бинобар ин  мо мардуми баору номуси Тоҷикистон   ва тамоми ҷомеаро зарур мебошад, ки мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб дастҷамона мебориза бурда, баҳри тинҷиву осоиштагӣ ҳамаҷониба муттаҳид бошем. Мо бояд шукронаи тинҷиву осоиштагии   истиқлолияти худро намуда,   вазифадор ҳастем, ки   арзишҳои муҳими давлатдориро  ба наслҳои оянда   хеш боқӣ гузорем.

 

                                                                                                                                             Файзулло Махкамов, 

                                                              муаллими калони кафедраи  геология ва корҳои нафту гази ДКМТ