ТЕРРОРИЗМ ОМИЛИ ХАТАРНОК БАР ҶОМЕА

Ҳоло замоне фаро расидааст, ки аксарияти созмонҳои террористӣ-экстремистӣ дар кишварҳои шарқӣ пайдо гардида, бар алайҳи инсоният мубориза мебаранд. Яке аз созмонҳои террористии бисёр ҳам ваҳшӣ ин “Ад-қоида” мебошад, ки бо даҳшатафкании худ ва куштори бераҳмонаи насли башар маъруф аст. Аз ҷониби дигар созмони террористии “Толибон” низ аз ҷумлаи чунин созмонҳои инсонбадбин аст, ки имрӯзҳо бар алайҳи насли башар дар Афғонистон меҷангад сокинони бегуноҳро қурбон месозад. Ҳамчунин ҳаракатҳои зиддиинсонӣ ва  душманонаро бар алайҳи инсоният дар Сурияву Яман созмони террористии “ДИИШ” анҷом медиҳад, ки ҳаракати  бузурги зиддибашариро бар алайҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар сайёра мемонад.

Аммо ин ки  созмонҳои террористӣ имрӯз вазъияти осудаи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкил мувоҷеҳ месозанд, аллакай як баҳси доғро боқӣ гузоштааст, ки  ҳоло як маъракаи бисёр ҳам харобиовар бар алайҳи насли башарро мемонад.

Шабакаҳои террористӣ имрӯз дар мушкилтарин шароит даст ба харобиву шиканҷаи мардуми бегуноҳ зада, суботро аз байн мебаранд, ки як хиёнати бузург мебошад. Раванди зиёдшавии хиёнаткориҳои террористон имрӯз бар насли башар бисёр ҳам дар суръати баланд қарор дорад ва  ин хатари бузург мебошад, ки бояд пешгирӣ карда шавад. Зеро тезутунд зиёд шудани гурӯҳҳо ва шабакаҳои террористӣ аллакай нигаронкунанда мебошад ва бо ин шакл идома пайдо карданаш чораҷӯйӣ мехоҳад.

Худи ҳамин пайравӣ намудани  ТТЭ ҲНИ  ба шабакаҳои террористиву ҳамкорияш бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ё  “ДИИШ” аллакай як раванди ифротишавии гурӯҳҳои мазҳабии ҷудоихоҳро арзёбӣ мекунад, ки ин хеле боиси таассуф аст.

Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ робитаашонро бо созмонҳои террористии ҷаҳон барқарор намуда, имрӯз бар алайҳи ҷомеаи мо мубориза мебаранд, ки ин бисёр ҳам ташвишовар аст. Зеро наҳзатиён инсонбадбинтарин афрод дар сайёра ҳастанд ва инро мо аз таҷрибаи ҷанги ташкилкардаашон дар кишвар медонем.

Ба ҳамин хотир ТТЭ ҲНИ ва аъзоёнашро хатарноктарин созмони террористиву террористони манфур номидан мумкин аст ва онҳо, ки имрӯз ба дасисабозиву иғвобарангезӣ машғуланд, ки гуноҳи нобахшиданистанд ва мардум низ бояд бидонанд, ки ягон навишта ва баромади онҳо ҳақиқат надорад ва наҳзатиён ба хотири иҷро кардани фармони хоҷагони хориҷияшон имрӯз зери ниқоб фаъолият мебаранд.

Меҳвар Абдусаламов

муҳаққиқ