ТЕРРОРИЗМ-МАСМУМКУНАНДАИ МАҒЗИ САРИ ҶАВОНОН

Неъмати пурарзиштаре аз Сулҳу Ваҳдат ва тинҷиву оромӣ нест. Шукри ҳазрати Ҷонофарин имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолият ва сиёсти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва оромиву субот ҳукмфармост. Аммо иддае аз мардуми пастфитрат ва нохалаф хостори халалдор намудани ин сулҳу субот, озодиву ободӣ ҳастанд. Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ имрӯз ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Терроризм монанди гиёҳи заҳрдорест, ки ба ҳар самт реша давонда, паҳну парешон шуда истодааст, ки мағзи сари  бисёре аз ҷавонон масмуми ин гуна гиёҳҳои самдор гаштаанд, ки ин муаммои басо ҷиддиву ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Чунин воқеият моро водор месозад, ки пайгирона дар ҷустуҷӯи роҳҳои муассири решакан кардани чунин “гиёҳҳои заҳролуд” бошем.

Терроризму ифротгароӣ дар тамоми манотиқи олам ҷангу хушунат ва задухӯрдҳои хунин барангехта, боиси хусумати халқҳои ғайри мусалмон ба дини мубини ислом ва бадбинии мусалмонон гардидаанд. Дар ин хусус Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки террористу ифротгаро на Ватан ва на миллату мазҳаб дорад.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки пирӯзӣ ба терроризм танҳо  бо истифода аз нерӯи низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавиро, ки терроризм ҳамчун зуҳурот аз онҳо маншаъ мегирад, муайян ва пурра омӯхта шуда истодаанд.

Бесаводӣ, камбизоатӣ ва сатҳи пасти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари омилҳои алоҳидаи руҳиву маънавӣ ба зуҳури тундгароӣ ва терроризм мусоидат мекунад. Дар ин замина дастгирии ҳамаи мо зарур аст. Мо ҷавонон бояд хуб дарк кунем, ки  мо мазҳаби таҳаммулгароии худро дорем ва пири мазҳаби мо шахсияти бузурги олами Ислом – Имоми Аъзам мебошад. Мо ҳаргиз мӯҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем ва кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеона маҳкум мекунем. Моро ҳамчун миллати тамаддунсоз зарур аст, ки барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундгаро аз тамоми имкониятҳо кор бигирем, зеро оқибати ин гуна амалҳо пушаймонист.

 

Шуҳрати Кенҷа,

унвонҷуи кафедраи гелогия ва корҳои нафту гази ДКМТ