Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстримизми дин дар давраҳои сукути давлати бузурги шўравӣ пайдо гардид. Аз байн рафтани идеологияи коммунист ва пош хўрдани ҳокимияти шўравӣ дар ҷаҳон дигаргуниҳои куллиро ба миён овард, аз ҷумла дар шуури одамон дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоии замона низ тағйир ёфт. Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои ИЧШС соҳибистиқлолии худро 9-сентябри соли 1991 ба даст овард, вале аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият давлати ҷавон аз тарафи душманони дохилӣ, мухолифини тоҷик ва аҷнабиёни хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари бесару парешон, пур аз низоъ ва вайрону фалач мубаддал гардид. Нерўи ниҳоӣ ва ҳаракатдиҳандаи хамаи хизбу чунбишхои навбаромад, хизби мухолифин буд, ки чандин сол пештар дар ќаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пинхони амал мекард. Аммо муддате нагузашта, аз оѓоз ба гирдихамоию зуроварио сар карда, бо вазнин гардидани вазъият хоки ватанро тарк намуда ба дигар давлатхои исломи панох бурданд, ки як ќисми сокинони кишвар аллакай дар оташи чанг аз хонаву дари худ махрум гашта, мачбур ватани ачдодиашонро тарк карда, ба гўшахои давлатхои хамсоя хамчун гуреза сафар намуданд. Ин гурўххои ифротгаро ба пешравии давлати мо монеъ мешаванд. Ва хаёти мардуми ободу осоиштаи кишварро халалдор месозанд. Гарчанде, ки Президенти мӯҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд “терроризм дин, мазҳаб, миллат, ватан надорад”.
Барои ин методҳои инноватсионии тарбияи ҷавононро мувофиқи пешниҳодҳои Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Имомали Раҳмон ба амал бояд татбиқ намуд.
Барои мо – тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои давраи соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузаронидем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем, мақому нақши сулҳу ваҳдати миллӣ аҳамияти махсусро соҳиб мебошад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату ҳукумати кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки пеши роҳи ин зуҳуроти зиштро- ифротгароиро гирем ва васеъшавии ин гуна равияҳо роҳ надиҳем. Ҷавононро ҳамчун нерӯи созанда дастгирӣ намуда, дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоем. то онҳо сазовори давру замон бошанд. Барои пешгирӣ намудани воридшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо бояд чораҳои ҷиддӣ андешид.
Баромбекова Заррина ,
Ассистенти кафедраи ЗДЗХ –и ДКМТ