Муҳаққиқон ва коршиносон ба ин назаранд, зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ (фундаментализм), тундгароӣ (радикализм), ифротгароӣ (экстремизм), даҳшатафканӣ (терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣреша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гуруҳҳо шомил мегарданд ва дар натиҷа миёни ҷомеа, бахусус қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ (агрессия), истибдод (деспотизм) ва хушунат тавлид мекунанд.
Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беназмӣ, беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гуруҳҳои махсусе таҳти кӯшиши ҳадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯи мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд.
баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи “ҷиҳоду шаҳодат” онҳоро ҷониби худкушӣ роҳнамун месозанд ва ин манқурдҳои ақлбохта боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг мефиристанд.
Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳни ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаанд. Дар зеҳни онҳо, ки мисли “лавҳи сафед” тозаю покиза аст, ифроту ҳуруфот пур карда мешавад ва азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд (чун хунашон дар ҷӯш аст) бегумон шефтаи мутамоили ақидаи бебунёд мешаванд. Муҳимтар аз ин онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд а бо ин гумон ба ҳар коре, ки “миёнҷӯёни худо” дар қолаби ҷиходи динӣ мефармоянд, қатъиян иҷро карда, ба биҳишти ваъдагӣ мерасанд. бозӣ кардан бо зеҳи насли ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотӣ аз мушахассоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохили ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри 2017 қайд карда шудааст:
«Мо ҷонибдори низоми ҷаҳони одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судмандии ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид мебошем.
Бо дар назардошти воқеияти кунуни ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатари афзояндаи терроризму ифротгарои ва дигар таҳдидҳои замони муосир, мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.
Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо тероризму ифротгарои ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст».
Мутасифона то ҳол аъзоёну тарафдорони ташкилоти терористи ва экстремистии фаъолияташон қатъ кардашудаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии манфиатҳои сиёсӣ ва бо супориши роҳбаладони хориҷиашон аз чорабиниҳои созмонҳои байналмилалии ғарбии ба ном ҳомии демократия ва озодии баён истифода намуда, дар заминаи ақидаю ѓаразҳои сиёсӣ ва геополитикӣ ба муқобили Ватану миллат ва халқи худ баромад менамоянд
Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ доираҳои мазҳабӣ ва сиёсии баъзе кишварҳои минтақа барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон дар Тоҷикистон фаъолияти васеи мақсаднокро ба роҳ монда, ҳизбу гуруҳҳое (хусусан ТТЭ ҲНИ)-ро созмон доданд, ки амалҳояшон бар зарари манфиатҳои миллати тоҷик равона гардида буданд.
Маҳз аз тарафи чунин неруҳои хориҷии манфиатдор, аз ҷумла доираҳои сиёсию мазҳабии давлатҳои шарқ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ТТЭ ҲНИ дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон барангехт ва давлати навбунёди моро дар зери хатари ҷидди қарор дод. Даргириҳои сиёсии солҳои 1991-1992 имкон надоданд, ки дар Тоҷикистон сари вақт сохторҳои давлатдорӣ таъсис ёфта, истиқлолияти миллӣ мустаҳкам карда шавад. Дар натиҷаи амалҳои террористии наҳзатиён ҳазорон одамон кушта ва бехонумон гардида, хоҷагии халқи кишварамон қариб ба пуррагӣ нобуд шуд.
Як сабаби сар задани ҷанги таҳлилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамин мушкилот буд. Гурӯҳҳои махсуси манфиатдор ҷаҳонбинӣ, сатҳи фаҳмишу дониши сиёсӣ, психология, эътиқоди динӣ ва мафкураи моро меомӯзанд ва аз нуқтаи заифи мафкураи мо сӯиистифода карда, моро ба гурӯҳҳо табдил дода, миёни мо низо, бадбинӣ, ва кинаю адоватро барангехта, мақсадҳои худро амалӣ менамоянд.
Мо ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошем, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найрангҳои созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиаборӣ онҳоро хуб дарк намоем, дар ғафлат намонем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳем.
Насриддинов Ш.
Омӯзгори ДКМТ