ТЕРРОРИЗМ ВА ҲАРАКАТХОИ НОМАТЛУБ

Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодем, ки дар ҷаҳони ислом вазъият чӣ гуна ноорому нотинҷ аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои  таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мебаранд. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи хатаровари ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо мебошад.Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст.

Дар замони  муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилоти террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд, аз ин сабаб Тоҷикистони соҳибистиқлол низ сахт кушиш намуда истодааст,ки ба муқобили  ташкилотхои террористӣ ва экстримистӣ мубориза барад ва ҳаёти шаҳрвандонро эмин нигоҳ дорад.Бештари террористон чавонон ва толибилмонро ба худ ба тариқи шабакаи интернетӣ ҷалб кардаистоданд.  Хатари аслии ин падида дар он аст, ки онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд имрӯз Тоҷикистони  азизамон,  ҷавононро  кувваи асосии кишвар ҳисобида умед дорем,ки ҷавонони имруза барои ҳимояи кишвар бар зидди ташкилот террористи ва экстримизми имруз ва фардо низ мубориза хоханд бурд.

Ибрагимова О.

омӯзгори ДКМТ