ТЕРРОРИЗМ , ЭКСТРИМИЗМ ВА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТИИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Терроризм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ба нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷотпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

       Дар ЧТ экстримизми динӣ дар давраҳои сукути давлати бузурги шўравӣ падо гардид. Аз байн рафтани идеологияи коммунист ва пош хўрдани ҳокимияти  шўравӣ дар ҷаҳон дигаргуниҳои куллироба миён овард, аз ҷумла дар шуури одамон дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоии замона низ тағйир ёфт.

Мардуми тоҷик дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  – Тоҷикистон  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин ҷода ҷавонон низ, ки ояндаи миллатанд, ҳиссаи худро гузошта истодаанд.

Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.

Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён ва шахсони маълум барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар ищтирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро амалӣ карда, ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидаён ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.

Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.

          Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои ИҶШС соҳибистиқлолии худро 9-сентябри соли 1991 ба даст овард, вале аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият давлати ҷавон аз тарафи душманони дохилӣ, мухолифини тоҷик ва аҷнабиёни хориҷӣ ба ҷанги щаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷа ЧТ ба як кишвари бесару парешон, пур аз низоъ ва вайрону фалаҷ мубаддал гардид.Нерўи ниҳоӣ ва ҳаракатдиҳандаи ҳамаи ҳизбу ҷунбишҳои навбаромад, ҳизби мухолифин буд, ки чандин сол пештар дар қаламрави ЧТ пинҳонӣ амал мекард. Аммо муддате нагузашта, аз оғоз ба гирдиҳамоию зуровариҳо сар карда, бо вазнин гардидани вазъият хоки ватанро тарк намуда ба дигар давлатҳои исломӣ паноҳ бурданд, ки як қисми сокинони кишвар аллакай дар оташи ҷанг аз хонаву дари худ маҳрум гашта, маҷбур ватани аҷдодиашонро тарк карда, ба гўшаҳои давлатҳои ҳамсоя ҳамчун гурӯза сафар намуданд.

    Дар хориҷи кишвар қисмати ҳарбии мухолифин бо ҷараёну созмонҳои ифротӣ робита пайдо намуда, як қисмати онҳо дар марказҳо ва бошишгоҳҳои динӣ-экстримистӣ ҳамчун гурўҳҳои террористӣ амал мекунанд.

    Хулоса, террористон ба пешравии давлати мо монеъ мешаванд. Ва ҳаёти мардуми ободу осоиштаи кишварро халалдор месозанд.

        Баҳронова М.                   

муаллими калони  кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ