Агар мо ба харитаи ҷаҳон назар афканем, мебинем, ки дар ҳамаи қитъаҳои олам раванди терроризм ва ифротгарои тамоми паҳншавиро дорад.
Имрӯз дар раванди тунд гардидани ҳолати кунуни сиёсии ҷаҳон ва аз нав тақсим намудани бойгариҳои ҷаҳон мамлакатҳои абарқудрат бо роҳи ноором сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ истифода менамоянд. Албатта, онҳое, ки мегӯянд экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.
Давлати Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрӯзҳо дар арсаи байналмиллалӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон ба озодии виҷдон, озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат қарор дорад.
Айни замон шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Диндорони мутаассиб супориши хоҷагони хориҷии худро сармашқи фаъолият намуда, ақидаҳои бегонаи динӣ-мазҳабиро бо арзишҳои миллӣ махлут намуда, динро аз миллат ва манфиати он боло гузоштанд. Тоҷикистони нав истиқлол гаштаро ба сӯи ҷаҳолат – ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.
Ҷавонони кишварамон бояд зираку ҳушёр бошанд, муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро ҳифз намоянд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати куҳанбунёди ҳазорҳо солҳо ранҷида аз дасти бегонагон аз ин дастовардҳову музаффариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст омадааст, маҳрум гардад.
Мо бояд бар зидди зуҳуроти бегонаву тундрав, ҳамчун омӯзгор мубориза барем ва ҷавонону донишҷӯёнро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри истиқлолияти давлатӣ, Ватан-модар бирасем ва муқаддасоту арзишҳои миллиро гиромиву ҳифз намоем.
Ташкилоти экстемистӣ-терористи ҳизби наҳзати ислом дар навбати аввал бо ҷавононе корбари мекунанд, ки донишҳои дунявӣ ва диниашон дар сатҳи паст буда, дар зиндагӣ мушкилоти моддиву пулӣ доранд, бекор ҳастанд ва ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ё ин ки воситаҳои шабакаҳои иҷтимоиро нодуруст истифода мебаранд. Барои пешгири намудани шомилшавии ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои ифротӣ бояд, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз як гиребон сар бароварда, масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ бо ниҳоду мақомотҳои қудратӣ ба он мубориза баранд ва ҷомеаро аз ин балои дардноки оқибати баддошта эмин нигоҳ доранд.
Мо ҷомеаи меҳнатии устодону омӯзгорон дар раванди ҷаҳони муосир ҷавононро аз ин зуҳуроти нангин пешгири намудан ҳамагуна равияҳои терористиро аз ҷумла ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем.
муаллими калони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ
Ҷумъаев А.Р.