Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.
Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат ан– Нусра», «Гурӯҳи-24» ғайриқонунӣ эълон кардашуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Аммо новобаста аз ин, бинобар маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯйи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбекистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 нафар – Давлат-ул-Ислом, 7 нафар – Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар – Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар – Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.
Солҳои 90-уми асри ХХ аксари кишварҳои дунё ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мекарданд, вале фаъолияти солҳои охири онҳо нишон дод, ки мақсади асосии ин ҳизб бегонапарастию ифротгароӣ буда, ба пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо манфиатдор нестанд. Агар онҳо хушдори тараққиёти Тоҷикистон мебуданд, ҳеҷгоҳ ба куштори абармардони миллати тоҷик ба монанди академик Муҳаммад Осимӣ, М.Ғуломов, Исҳоқию Сайф Раҳимзод ва дигарон даст намезаданд.
Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми динӣ ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Чуноне, ки аз расонаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ бар меояд солҳои охир иллати сар задании падидаҳои номатлуби хатари тафриқаандозӣ дар байни мусалмонон ва пайдошудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда дар ҳаққи давлат ва паҳн кардани ин матлаби ғаразона дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мухталиф боиси ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ шомилшавии онҳо гардид ва бадбахтона ҷавонони тоҷик низ фирефтаи ин гурӯҳҳо гардиданд. Ин падидаи номатлуб ҳар як шарҳванди бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад. Чуноне, ки сиёсатшиносони кишвар қайд мекунанд, воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар садади нобудӣ қарор дод, натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва бархе аз гурӯҳҳои фурсат талаб гардидани мардум ва уламои динӣ бо бегонапарастӣ, бесаводӣ ва аъмоли тахрибкорона буд. Дар ҳолеки худи ин гурӯҳ пайваста бо хурофоту таассуб баромад карда, ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва шахсиро аз манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ месозанд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст. Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд.
Ниязова С.К
омӯзгори кафедраи
иқтисодиёт ва идоракунии ДКМТ