ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ХАТАРИ БУЗУРГ БА ИНСОНИЯТ

Ҳодисаҳои террористии дар Афғонистон, Фаронса ва Русия рӯйдода аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм бо ҳар роҳу восита ба минтақаҳои дурдасти олам дастрасӣ намуда амалҳои бераҳмонаву ғаразнокро анҷом медиҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.
Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни кишварҳо ва монеъгӣ ба тараққиёти минтақаҳои гуногуни олам мебошад. Терроризм аз технологияи муосир истифода намуда барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ таҳдиди бузург боқӣ монда истодааст.

Дар даҳсолаҳои охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорон нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд.
Пайомади ногувори амалҳои террористӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, ки наздик ба 3000 кас ҳалок ва садҳо нафари дигарро захмӣ намуд, ҳанӯз аз хотирҳо фаромӯш нагардидааст. Бо ғасби якчанд ҳавопаймо террористон кирдореро анҷом доданд, ки дар таърих мудҳиштарин амали террористӣ ба ҳисоб меравад.
Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд.

Таассуфовар аст, ки дар Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва як қатор давлатҳои дигар, ки нобаробариҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ зиёд авҷ гирифтаанд, гурӯҳҳои иртиҷоӣ бо истифода аз вазъи ба амаломада ҳадафҳои душманонаи худро алайҳи мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва ҷойҳои издиҳоми мардум содир намудани акти террористӣ, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гардидааст.

Набудани ҳиссиёти раҳму шафқат дар вуҷуди ашхоси бадсиришту беимон, аз фарҳангу маърифат ва бехабарӣ аз муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ боиси содир намудани амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро ба зиндагии осоишта маҳрум месозад. Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳуқуқ надорад ба ҷуз офаридагор пурқиматтарин дастовард – ҳаётро аз онҳо рабояд.
Фоҷиаи сангине, ки ба сари толибилмони шаҳри Беслан омада буд, то имрӯз ғаму ғуссаро дар қалби волидони кӯдаконе, ки бо умеду орзуҳои зиёд ба остонаи мактаб қадам ниҳода буданд, дур накардааст. Рӯзи 1 сентябри соли 2004, ҳангоми ҷамъомади пагоҳирӯзӣ гурӯҳи террористии Шамил Басаев 1128 нафарро, ки миёни онҳо муаллимон, талабагон ва волидони онҳо буданд, ба гарав гирифтанд. Ҳангоми озодкунӣ 314 нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо 184 нафар кӯдакон буданд ва беш аз 800 нафар дар ин ҳодисаи мудҳиш ҷароҳат бардоштанд.
Чунин як ҳодисаи мудҳиши дигар нисбати толибилмони мактаби ҷамъиятии артиши Покистон дар шаҳри Пешовар, санаи 1 декабри соли 2014 анҷом дода шуд, ки дар натиҷа 151 нафар ҳалок гардиданд, ки аз ин шумора 133 нафарро мактаббачагон ташкил медиҳанд.

Имрӯз гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки амалу кирдори бераҳмонаю ваҳшонии онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Ин ашхос миёни мардум чеҳраи манфури худро зери ниқоби нафарони хайрхоҳу боимон пинҳон медоранд. Онҳо ба ҳама ҷо, мусофирбару қатора, киштиву ҳавопаймо, идораву корхона, кӯчаву хиёбон роҳ ёфта, ҳадафҳои худро пиёда месозанд, онҳоро шинохтан ва аз мақсадашон огоҳ гардидан хеле мушкил аст. Чунин чеҳраҳои манфур тавонистанд шахсиятҳои шинохта Аҳмадшоҳи Масъудро дар Афғонистон, собиқ Сарвазири Покистон Беназир Бҳутторо бо 26 нафар мардуми бегуноҳ ва пешвои қабилаи шиаҳои маҳаллӣ дар Пешовар ҳоҷӣ Сардор Алиро ба ҳалокат расонанд.
Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии актҳои террористӣ, ҳарчи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ бо мақсади ҳарчи бештар расонидани хисороти моливу ҷонӣ ва бемамониат ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро кашфу ихтироъ мекунанд.

Cозмону ҳаракатҳои экстремистӣ аз қабили “Ал-Қоида”, “Ҷундуллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “Ҷиҳоди ислом”, “Ҳаракати Толибон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир” “Ҳизби назҳати Тоҷикистон” ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд. Пеши роҳи ин хатари умумибашариро нагирифтан метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.

Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ менамояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин вабои аср гирифта шавад.

Адабиёт

Экстремизм ва терроризм чист? – HGU.TJ

https://www.hgu.tj/news/post/ekstremizmvaterrorizmchist.html

Терроризм – хатар ба инсоният

https://mvd.tj/index.php/tj/%0Bkhatar-oi-zamoni-muosir/13028-terrorizm-khatar-ba-insoniyat 

Сангинов А. К.

cармуаллими кафедраи таъминоти барқ