ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ТАҲДИД БА АМНИЯТИ БАШАР

Дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие рў ба рў гаштааст, ки номи он Терроризми байналмилалӣ мебошад. 

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

         Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсо-нидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

    Имрўз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифратгароӣ сабзида расад.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

          Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремизм – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд. Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.

          Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон маънидод кард:

  • сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;
  • моддӣ;
  • идеологӣ;
  • хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
  • пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
  • ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
  • коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
  • хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;
  • поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
  • дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
  • фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурўҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурўҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад.

Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Чунон ки дар боло қайд карда шуд ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳони таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитияро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта муваззаф гардонидааст.

Дар ин раванд, бояд  моддаҳои 6 – 8 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бамаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолиятӣ онҳо ва манъ будани ғасбӣ сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои олӣ буда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлатӣ ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин маҳфум ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидоштаро дар бар мегиранд.

Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремисти, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

          Мо, омӯзгорон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Адабиёт

1.Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир[Матн]: Тавсияи методӣ барои китобдорон / Мураттибон Ш. Муҳаммадиева., О. Мирзоева; Муҳаррир Ҷ.Валиев; Зери назари умумии Г.Маҳмудов. – Душанбе, 2016.   

2.Шохуморов, С. Терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии исломӣ [Матн]. – Душанбе, 2002.   

  1. Ҳамид, С. Низоъ, терроризм ва рисолати рўзноманигорон [Матн]: Маҷмуаи мақолаҳо. – Душанбе, 2007.

4.Гулзор, Р. Бо ифродгароӣ муборизаи дастаҷамъона мебояд [Матн]: Оид ба терроризм ва ифродгароӣ // Ҷумҳурият. – 2015.   

5.Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: Дар бораи мубориза бар зидди терроризм / А.Ғ.Холиқов., Холиқзода., Н.Р. Латипов., Т.А…  – Душанбе: Контраст, 2014.   

6.Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) / Зери таҳ. А.Ғ.Холиқов . – Душанбе, 2014.   

  1. Плотников, Н. Терроризм ватан надорад [Матн]: Мусоҳиба бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов // Садои мардум. – 2001. – 22 декабр. Убайдуллоев, М. Алайҳи терроризм бояд якҷоя мубориза барем [Матн] // Садои мардум. – 2001.

9.Асадуллоев, Р. Мубориза бо терроризм ногузир аст [Матн]: Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохўри бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ // Ҷумҳурият. – 2002. – 27 июн.

10.Чоршанбиев, А., Мунаввар, Д. Чоҳканро чоҳ дар пеш аст [Матн]: Тафсили пешгирии амали як гурўҳ террористӣ дар Тоҷикистон // Ҷум-ҳурият. – 2002. – 22 август.

Туев Ш.Ш

омӯзгори ДКМТ