Ҷаҳон ҳарчанд рушд карда бошад ҳам, аммо масъалаи шуури ҷамъиятӣ ва нигоҳ доштани ахлоқи ҳамида то ҳанӯз доғдор боқӣ мондааст. Ҳоло ҳам ҳастанд, афроде, ки аз муҳити солим тарбия нагирифтаву бар алайҳи ҳама арзишҳои инсонӣ мубориза мебаранд ва ин як навъ зиддияти инсон ба инсонро мемонад, ки дар шаклҳои мухталиф зуҳур менамояд. Худи ҳамин падо шудани терроризму экстремизм дар ҷаҳони муосир аллакай худ як бонги хатар бар насли башар мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилоти террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонанд. Аммо ташкилоти калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилоти номдори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зиддитеррористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд. Аз таҷрибаи ташаккули тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм дар гузашта то қадри имкон маълум шуд, ки он падидаи манфии сиёсӣ буда, ҷаҳони имрӯзаро ба худ нигарон намудааст. Ин падидаҳои манфӣ бо ҳам робитаҳои сабабӣ доранд, чунки тундгароӣ омили пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби пайдоиши тазоҳуроти террористӣ мебошад.
Феълан кулли ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Чуноне, ки аз расонаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ бар меояд солҳои охир иллати сар задании падидаҳои номатлуби хатари тафриқаандозӣ дар байни диндорон ва пайдошудани иғвоангезӣ, тахрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони динҳо, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда дар ҳаққи давлат ва паҳн кардани ин матлаби муғриз дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мухталиф боиси ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ шомилшавии онҳо гардид ва бадбахтона ҷавонони тоҷик низ фирефтаи ин гурӯҳҳо гардиданд. Ин падидаи номатлуб ҳар як шарҳванди бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад. Чуноне, ки сиёсатшиносони кишвар қайд мекунанд, воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар садади нобудӣ қарор дод, натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи ТТЭ ҲНИ гардидани мардум як иштибоҳи бузург буд. Дар ҳолеки худи ин ташкилоти террористӣ пайваста бо хурофоту таассуб баромад карда, ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва шахсиро аз манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ месозанд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст. Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд ва ин як паёми нек бар ҷомеа мебошад.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ