ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ОМИЛҲОИ АСОСИИ ХАТАРҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар моддаҳои 1,8,10,14,17, 23,28,29,30,42  КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН омодааст Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.

Моддаи 8. Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.     Иттиҳодияҳои ҷамъиятй ва ҳизбҳои сиёси дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯри сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Моддаи 10. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

Моддаи 14. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.  Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳалли ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Моддаи 17. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.  Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Моддаи 23. Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефони, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.
Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.
 Моддаи 28. Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёси, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёси барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд.

Моддаи 29. Шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамои, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.
Моддаи 30. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажоди, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.
 Моддаи 42. Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Санадҳои ҳуқуқӣ доир ба терроризм дар ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН дар бораи мубориза бар зидди терроризм инъикос ёфтааст.

Қонуни мазкур асосхои ҳуқуқ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи1.Мақсади қонуни мазкур.

Мақсади қонуни мазкур аз инхо иборат аст:

– тадбиқи сиёсати давлатӣ дар сохаи мубориза бар зидди терроризм;

– тадбиқи ӯхдадорихои байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистон дар сохаи мубориза бар зидди терроризм;

– танзими хуқуқии муносибатхои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;

– ташаккули вазьи тоқатнопазири ахолии Ҷумхурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;

– ошкор ва пешгирӣ ва қадь намудани фаьолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитхои пайдоиши терроризм.

Моддаи 2. Ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм. Ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Ќонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуќуќии

байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3.Мафхуми терроризм.

Терроризм – яьне зӯроварӣ ё тахдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё тахдиди истифодаи он нисбати шахсони хуқуқӣ, хамчунин нобуд сохтани (зарар расонидан) ё тахдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектхои моддии шахсони воқеьӣ ва хуқуқӣ, ки боиси хавфи халокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатхои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани ахолӣ ё расонидани таьсир ҷихати аз ҷониби мақомоти хокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатхои ғайрихуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онхо, инчунин таҷовуз ба хаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, хамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба хаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи хокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ  ё ҷамьиятии онхо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир ҷихати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаьолияти сиёси ё ҷамьиятӣ, инчунин хамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии тахти химояаи  байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиrоматкунанда, инчунин ба бинохои хизматӣ  ё истиrоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки тахти химояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин харакатхо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатхои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.

Моддаи 4.Мафхумхое,  ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд.            Мафхумхое, ки дар Rонуни мазкур истифода шудаанд, маьнои зеринро доранд:

-амволи террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё тахдиди истифодаи воситахои таркандаи ядроӣ, моддахои радиактивӣ, биологӣ, таксикӣ, захрнок сахттаьсир, захролуд;

нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситахои нақлиёт ва

 дигар обьектхо; сӯиқасд ба хаёти ходими давлатӣ  ҷамьиятb, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯхои ахолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; бавуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба хаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатхои дорои хусусияти техногенӣ ё тахдиди воқеъии ташкили чунин хатар; пахн намудани тахдид дар хар гуна шакл ва тавассути хар гуна воситахо; содир намудани дигар амволхое, ки боиси хавфи халокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатхои барои ҷамъият вазнин;

-ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ-ҷиноятхое, ки дар моддахои 179-82; 185; 187; 310 ва 410 Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Ба ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ мумкин аст, дигар ҷиноятхое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар холати ба мақсади террористӣ содир намудани онхо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир

намудани чунин ҷиноятхо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон сурат мегирад;

-гурӯхи террористӣ– шахсоне, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ муттахид шудаанд;

террорист-  шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияи террористӣ дар хама гуна шакл иштирок менамояд;

ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таьссис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот – террористӣ ба хисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томхои дохилии ташкилот ё бо огохии аққалан яке аз мақомоти рохбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом медихад;

мубориза бар зидди терроризм – фаъолият оиди ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудан, то хадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ;

амалиёти зиддитеррористӣ – чорахои махсус, ки барои пешгирии амали террористӣ, таъмини  амнияти шахсони воқеъӣ, безарар гардонидани террористон, инчунин то хадди камтарин

расонидани оқибати фаъолитяи террористӣ анҷом дода мешавад;

минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ – қитъахои алохидаи махал, воситахои нақлиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва қаламрави дар атрофи онхо, ки дар худудашон амалиёти мазкур гузаронида мешавад;

гаравгон– шахси воқеъӣ, ки бо мақсади маҷбур кардани давлат, ташкилот ё шахсони алохида барои содир намудани ин ё он харакат ё худдорӣ намудан аз содир намудани ин ё он харакат хамчун шарти озод намудан дастгир ё боздошта шудааст;

субъектхои бар зидди терроризм муборизабаранда – субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, хамчунин субъектхои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда.

Моддаи 5. Ҳамкории байналхалқии Ҷумхурии Тоҷикистон дар сохаи мубориза бар зидди террористзм.

Ҷумхурии Тоҷикистон мутобиқи шартномахои байналхалқӣ дар сохаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатхои хориҷӣ, бо мақомоти хифзи хуқуқ ва хадамоти махсуси онхо,  инчунин бо ташкилотхои байналхалқии бар зидди терроризм муборизабаранда, хамкорӣ менамояд.

Моддаи 10. Фаъолияти террористӣ.

Фаъолияти террористӣ фаъолиятест, ки инхоро дар бар мегирад:

-ташкил, банақшагирӣ, тайёр кардан ва содир намудани амали террористӣ;

-ивғо андохтан  ба амали террористӣ, зӯроварӣ ба ашхоси воқеъӣ ё маҷбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани амвол ва дигар объектхои моддӣ бо мақсадхои террористӣ;

-ташкили вохидхои ғайриқонунии мусаллах, иттиходи ҷинояткорӣ (ташкилоти ҷинояткорӣ), гурӯххои муташаккил барои содир кардани амали террористӣ, хамчунин иштирок дар чунин амал;

-ҷалб кардану мусаллах гардондан, таълим додан ва истифода бурдани террористхо;

-бо маблағ таъмин кардани ташкилоти бараъло террористӣ ё гурӯхи террористӣ ё кӯмаки дигар ба онхо.

Моддаи 11. Фаъолияти террористии байналхалқӣ.

Ҷумхурии Тоҷикистон  ӯхдадорихои байналхалқии худро ба асос гирифта, чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии

байналхалқӣ эътироф менамояд, ки он ба амал бароварда мешавад:

-аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар қаламрави бештар аз як давлат;

-аз ҷониби шахрвандони як давлат нисбати шахрвандони давлати дигар ё дар қаламрави давлати дигар;

-дар холатхое, ки хам террорист, хам ҷабрдидаи терроризм шахрвандони хамон як давлат ё давлатхои гуногун буда, вале ҷиноят дар хориҷи қаламрави ин давлатхо содир шудааст;

-бо мақсади вайрон кардани тартиботи хуқуқии байналхалқӣ.

Моддаи 12. Фаъолияти зиддитеррористӣ

Фаъолияти зиддитерроистb фаъолиятест, ки бо маrсади химояи шахс, xамъият ва давлат аз фаъолияти террористb ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 13. Принсипхои фаъолияти зиддитеррористӣ.

Фаъолияти зиддитеррористb дар Ҷумхурии Тоҷикистон ба принсипхои зерин асос меёбад:

-қонуният;

-эхтироми хуқуқу озодихои инсон ва шахрванд;

-ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористӣ;

–бо хам пайвастани усулхои ошкор ва пинхонии мубориза бар зидди терроризм;

-афзалиятнокии мухофизати хуқуқи шахсоне, ки дучори хатар гардидаанд;

-қонунӣ будани расонидани зарар ба террорист;

-яккасардорӣ дар рохбарии оперативӣ ба қуввахо ва воситахои ҷалбшаванда хангоми гузаронидани амалиётхои зидди террористӣ;

-пинхонкории қатъӣ хангоми гузаронидани амалиётхои зиддитеррористӣ.

Моддаи 14. Ошкор кардани фаолияти террористӣ.

Субектхои бар зидди терроризм муборизабаранда бо мақсади ошкор намудани фаолияти террористӣ ӯхдадоранд бо тартиби муайянкардаи қонунгузор аз тамоми қувваю воситахо ва шаклу усулхои муқарраркардаи қонунро, ки дар ихтиёр доранд, истифода баранд.          Шахсони мансабдор ва шахрвандон ӯхдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва (ё) мақомоти корхои дохилӣ аз хамаи

ходисахое, ки аломатхои онхо дар хусуси терроризми

тайёркардашаванда ё содиршуда гувохӣ медиханд, фавран хабар диханд. Давлат мухофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм кӯмак мерасонанд, кафолат медихад. Бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва қать намудани фаьолияти террористӣ бо тартиби муайянкардаи хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар назди  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди махсус таьсис мешавад, ки аз маблағи он барои суьектхои бар зидди терроризм  муборизабаранда додани ахбороте, ки тадбиқи он боиси ба хабс гирифтан ё махкум намудани шахсони иштирокчии фаьолияти террористӣ ё пешгирӣ ё қать кардани амали террористӣ гардидааст, мукофотпулӣ дода мешавад.      Фош кардани маьлумот дар бораи шахсоне, ки чунин ахборотро додаанд, танхо бо розигии онхо мумкин аст.

Моддаи 15. Пешгири намудани фаьолияти террористӣ.

Бо маќсади пешгирӣ намудани фаьолияти террористи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мань аст:

-таьсис додан, сабти ном кардан ва амал намудани ташкилотхое, ки фаолияти террористиро мақсади худ қарор додаанд;

-фаъолияте, ки ба тарғиби терроризм вобастагӣ дорад;-

-вориду хориҷ шудан ё бо транзит тавассути қаламрави ҷумхурӣ гузаштани шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;

-додани хуҷҷати зист ба шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;

-ба шахрвандии Ҷумхурии Тоҷикистон ќабул кардани шахрвандони хориҷи, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;

-бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани маблағҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва ё бо дарки он, ки ин маблағҳо барои амалӣ кардани фаъолияти террористӣ истифода мешаванд; (ЌҶТ аз 13.06.13с. №969)

-аз ҷониби кормандони автовакзалхо, вокзалхои рохи охан ва аэровокзалхо аз мусофирон ба амонат қабул намудани бағоҷ, бори дастӣ (ба ғайр аз кормандони ба ин мақсадхо ваколатдори бағоҷхонахо);

-гузаронидани гирдихамоихо, намоишҳо ё пикеткунӣ дар ҷойхои муқаррарнашуда.

Ба мақсади пешгирӣ намудани фаъоляти террористӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон ба инхо рох дода мешавад:

– хангоми гузарондани чорабинихои ҷамьиятию сиёсӣ ва дигар чорабинихои оммавӣ ба мухофизати тартиботи ҷамьиятӣ ҷалб намудани қувваю воситахои иловагии субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда;

-мустахкам намудани чорабинихои мухофизатию режимӣ дар мақомоти хокимияти давлатӣ ва худидоракунии махаллӣ, дар корхонахое, ки барои хаёт ва саломатии инсон ва мухити хист хатари калон доранд;

-бо дархости мақомоти салохиятдори давлатхои хориҷӣ тибқи меьёрхои хуқуқи байналхалҷӣ супурдани шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ дар қаламрави ин давлатхо иштирок намудаанд;

-ҷамьовари, тахлил, ҷамьбаст намудани маьлумотхо доир ба ташкилотхои террористӣ ва шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок мекунанд (иштирок кардаанд) ва ба нуқтаи мутамарказии байниидорави маьлумот доир ба проблемахои терроризми назди  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил кардани онхо;

-дар назди субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда таьсис додани ҷузьу томхои махсус.

-Пешгирӣ намудани фаьолияти террористӣ, инчунин амалӣ  гардонидани дигар чорабинихоро низ дар бар мегирад, ки онхоро қонунгузории  Ҷумхурии Тоҷикистон  ва  санадҳои ҳуќуќии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст  пешбинӣ кардаанд.

Моддаи 16. Қать гардонидани фаьолияти террористӣ.

Хизматчиёни харбӣ, кормандон ва мутахассисони субьектхои бар зидди терроризм муборизабаранда хангоми қать гардонидани фаьолияти террористӣ умуман ё дигар амали алохидаи террористӣ ӯхдадоранд бо тартиби пешбини кардаи  қонунгузорӣ хамагуна чорахои муқаррар кардаи қонунро истифода баранд.

Моддаи 17. Тафтиши ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ.

Тахқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандахои ҷиноятӣ оид ба

ҷиноятхои дорои  хусусияти террористӣ  аз ҷониби субьектхои бар зидди терроризм муборизабаранда ва муфатишони ин субьектхо бо шартхо ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Санадҳои ҳуқуқӣ доир ба экстремизм дар ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) инъикос ёфтааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур.

Мақсади Қонуни мазкур иборат аз инҳо мебошад:

– ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини ягонагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм;

– таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди экстремизм;

– муайян намудани асосҳои ҳуқуқию ташкилии мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ, муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои амалӣ шудани он;

– ташаккули вазъи тоқатнопазирӣ дар байни мардуми ҷумҳурӣ нисбати экстремизм;

– ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, рафъи сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдошавии экстремизм мусоидат мекунанд.

Моддаи 2. Асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди экстремизм.

Асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди экстремизмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳанд.

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд.

Барои мақсадҳои Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

– экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар

давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ;

амали экстремистӣ-фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое (кирдорҳое) мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои  зерин равона карда шудаанд:

а) ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият;

г) ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;

д) амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;

е) ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст;

ж) паст задани шаъни миллӣ;

з) ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурӯҳи иҷтимоӣ;

и) ташвиқоти ягона будан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бо хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо;

к) даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои  амалҳои номбаршуда;

л) маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кӯмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-техникӣ, алоқаҳои телефонӣ, факсӣ, хизматрасонии иттилоотӣ, дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият.

– ташкилоти экстремистӣ – иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие мебошад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонун даромадааст;

– маводҳои экстремистӣ – ин интишори иттилоот ё ҳуҷҷатҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ даъват карда мешаванд

ё ногузирии ин фаъолиятро асоснок менамоянд, нашрияҳо, ки ногузирии бартарии миллӣ ё нажодиро талқин менамоянд ё таҷрибаи ҷиноятҳои ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳоро, ки ба несту нобудкунии пурра ё қисмии ягон намуд гурӯҳи этникӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ равона карда шудааст, асоснок мегардонад.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии мубориза бар зидди  экстремизм.

Мубориза бар зидди экстремизм ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– эътироф кардан, риоя намудан ва ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва инчунин манфиати қонунии ташкилотҳо;

– қонуният;

– ошкорбаёнӣ;

– афзалиятнок будани таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– афзалиятнок будани чораҳое, ки ба огоҳонидани фаъолияти экстремистӣ равона карда шудаанд;

– ҳамкориҳои давлат бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар мубориза бар зидди экстремизм;

– ногузирии ҷазо барои амали фаъолияти экстремистӣ.

Моддаи 5. Самтҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм.

Мубориза бар зидди экстремизм бо самтҳои зерин амалӣ мегардад:

– андешидани чораҳои пешакӣ барои пешгирии фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкоркунӣ ва бартараф намудани шарту сабабҳое, ки  барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ мусоидат мекунанд;

– ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии фаъолияти экстремистии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.

Моддаи 6. Субъектҳои мубориза бар зидди экстремизм.

Мубориза бар зидди экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад. Вай вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи  мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардонад.

Субъектҳои бар зидди экстремизм муборизабаранда мақомоти давлатии зерин мебошанд:

– Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти   иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои худ дар мубориза бар зидди экстремизм иштирок мекунанд.

Роҳбарии умумиро дар мубориза бар зидди экстремизм Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардонад.

Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди экстремизм бо тартиб ва шароитҳои пешбининамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Мақомоти прокуратура дар доираи ваколатҳои худ иҷроиши қонунҳоро оиди мубориза бар зидди экстремизм назорат мебаранд.

Моддаи 7. Салоҳияти субъектҳое, ки муборизаро бар зидди экстремизм амалӣ мегардонанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза бар зидди экстремизм:

а) лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ, консепсияи мубориза бар зидди экстремизмро мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  менамояд;

б) ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ҳолатҳои мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида маълумот пешниҳод мекунад;

в) пешгирии гузаронидани ғайриқонунии маводи эктремистӣ аз Сарҳади давлатӣ ва ҳамчунин яроқ, лавозимоти ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, заҳрдор ва радиоактивие, ки дар фаъолияти эктремистӣ истифода мегарданд;

г) ошкоркунӣ ва пешгирии кӯшишҳои экстремистон барои  убур аз Сарҳади давлатӣ;

д) фаъолияти субъектҳои мубориза бар зидди экстремизмро мутобиқ мегардонад;

е) ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва ҷамъбасти маълумотро  оиди ҳолатҳои мубориза бар зидди экстремизм амалӣ мегардонад;

ё) ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм мувофиқи тартиби муқарраршуда таклиф пешниҳод мекунад;

ж) оиди ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва бартараф кардани ҷиноятҳои характери экстремистӣ дошта чораҳо  меандешад.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди экстремизм ба воситаи ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳои характери экстремистӣ дошта амалӣ мегардонад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди экстремизм ба воситаи дохил шудан ба муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ошкор, огоҳ ва пешгирии фаъолияти экстремистии байналмилалӣ амалӣ мегардонад.

Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборизаро бар зидди экстремизм ба воситаи пешгирии гузаронидани ғайриқонунии маводҳои экстремистӣ аз сарҳади гумрукӣ, аз ҷумла яроқ, лавозимоти ҳарбӣ, маводҳои тарканда ва заҳрдор, ҳамчунин адабиёту варақаҳо, кассетаҳои сабти навору овози мазмуни экстермистӣ дошта амалӣ мегардонад.

Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории амалкунанда муборизаро бар зидди экстремизм ба тариқи амалигардонии назорати  фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба роҳ мемонад.

Моддаи 8. Ошкор намудани фаъолияти экстремистӣ.

Субъектҳое, ки муборизаро бар зидди фаъолияти экстремистӣ амалӣ мегардонанд, бо мақсади ошкор намудан  ва пешгирии фаъолияти  экстремистӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ӯҳдадоранд, ки  тамоми қувва, восита ва тарзу усулҳои  дар ихтиёри худ доштаро истифода баранд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд, ки  мақомоти амнияти миллӣ,  корҳои дохилӣ ва (ё) дигар субъектҳои мубориза бар зидди экстремизмро оиди тамоми воқеаҳое, ки аломати экстремизми тайёр шудаистода ё содиршаванда доранд, фавран хабар диҳанд.

Давлат ҳимоя ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди экстремизм иштирок мекунанд, кафолат медиҳад. Ошкор намудани маълумот дар бораи шахсоне, ки бо мададашон шахсони дар фаъолияти экстремистӣ иштирокдошта дастгир карда шудаанд ё ба пешгирии ин фаъолият оварда расондаанд, манъ аст.

Моддаи 9. Пешгирии фаъолияти экстремистӣ.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:

а) ташкил кардан, ба қайд гирифтан ва фаъолият намудани ташкилотҳои экстремистӣ ва ё ташкилотҳое, ки барои амалӣ шудани экстремизм мусоидат мекунанд;

б) фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла паҳн кардани маводҳои экстремистӣ;

в) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ё ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шахсоне, ки  дар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд;

г) додани ҳуҷҷат барои истиқомат кардан ба шахсоне, ки  дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

д) ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

е) гузаронидани митингҳо, намоишҳо, раҳпаймоиҳо ва ё дигар баромадҳои оммавӣ, ки хилофи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Пешгирии фаъолияти экстремистӣ ҳамчунин амалӣ намудани дигар чораҳоро, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, дар бар мегирад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳояшон бо тартиби афзалиятнок чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла тарбиявӣ, тарғибии ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ равонашударо мегузаронанд.

Моддаи 10. Эълони пешниҳод дар бораи роҳ надодан ба амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ.

ҳангоми мавҷуд будани маълумоти комил ва қаблан тасдиқшуда дар бораи амалҳои зиддиҳуқуқии тайёр шудаистода, ки хусусиятҳои экстремистӣ доранд ва ҳангоми набудани асосҳо барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори ба ӯ тобеъ ба роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ ва ҳамчунин ба дигар шахсони

дахлдор дар бораи роҳ надодан ба ин фаъолият бо нишондоди асосҳои аниқ пешниҳоди хаттӣ равон мекунад.

Моддаи 11. Огоҳонидани шахси ҳуқуқӣ оиди роҳ надодан  барои амалишавии фаъолияти экстремистӣ.

Ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳангоми ошкор шудани далелҳое, ки оиди дар фаъолияти онҳо ё дар фаъолияти яке аз воҳидҳои таркибии минтақавии онҳо мавҷуд будани аломатҳои экстремизм дар бораи роҳ надодан ба чунин фаъолият бо нишондоди асосҳои аниқ, аз ҷумла барои хатогиҳои ҷойдошта пешниҳоди хаттӣ дода мешавад.

Дар ҳолате, ки агар дидани чораҳо оиди андешидан, бартараф намудани хатогиҳои ҷойдошта мумкин бошад, дар пешниҳод ҳамчунин мӯҳлати рафъи хатогиҳои ҷойдошта, ки на зиёда  аз як моҳ баъди эълони пешниҳодро ташкил мекунад, муқаррар карда мешавад.

Пешниҳод аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё прокурори ба ӯ тобеъ эълон карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, чунин пешниҳодро метавонад дигар субъекте, ки муборизаро бар зидди экстремизм амалӣ мегардонад,  эълон кунад.

Аз рӯи пешниҳод мувофиқи  тартиби муқарраршуда ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Дар ҳолатҳое, ки агар аз рӯи пешниҳод бо тартиби  муқарраршуда ба суд шикоят карда нашуда бошад ё аз ҷониби суд пешниҳод ғайриқонунӣ  ҳисоб нашуда бошад ва ҳамчунин агар дар мӯҳлати муқарраркардаи пешниҳод иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ё воҳидҳои дигари таркибии минтақавии онҳо хатогиҳои ҷойдоштаро, ки барои навиштани пешниҳод сабаб шудаанд, бартараф накарда бошанд ё ин ки агар дар давоми дувоздаҳ моҳ аз рӯзи навиштани пешниҳод далелҳои нав, ки мавҷуд будани хусусиятҳои экстремистиро дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ гувоҳӣ медиҳанд, ёфта шаванд, онҳо бо тартиби муқаррашудаи Қонуни мазкур барҳам дода шуда, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ, ки шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд, манъ карда мешавад.

Моддаи 12. Ҷавобгарии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва  дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки мақсад ва амалҳояшон барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ равона карда шудааст, манъ карда мешавад.

Дар ҳолатҳои дар қисми панҷуми моддаи 11 Қонуни мазкур омада, ё дар ҳолатҳои аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ё воҳидҳои дигари таркибии минтақавии онҳо амалӣ гардонидани фаъолияти экстремистӣ, ки сабабгори поймол гаштани ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, расонидани зиён ба шахсият, саломатии инсон, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии давлатӣ, моликият, манфиатҳои қонунии иқтисодии шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ ва ё ҳангоми расонидани зиён ба давлат ва ҷамъият чунин ташкилотҳои динӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барҳам дода шуда, фаъолияти чунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, ки шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд, бо қарори суд дар асоси пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори ба ӯ тобеъ манъ карда мешавад.

Бо асосҳои дар қисми дуюми моддаи мазкур омада, барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва манъи фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбад, бо қарори суд ҳамчунин дар асоси пешниҳоди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти минтақавии ба ӯ дахлдор амалӣ мегардад.

Барҳамхӯрии шахси ҳуқуқӣ метавонад ҳамчунин бо тартиб ва шартҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ гардад.

ҳангоми аз ҷониби суд бо асосҳои дар Қонуни мазкур омада қабул шудани қарор дар бораи барҳамхӯрии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ воҳидҳои дигари таркибии минтақавии он низ барҳам дода мешаванд.

Моддаи 13. Боздошти фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё ташкилоти динӣ.

Дар сурати амалӣ гаштани фаъолияти экстремистии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ, ки ба поймол шудани ҳуқуқу озодии

инсон, зиён ба шахсият, саломатии инсон, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҷамъиятӣ, моликият, манфиатҳои қонунии иқтисодии шахсони воқеӣ ва ( ё ) ҳуқуқӣ, ба давлат ё ҷамъият расонидани хавфи воқеиро ба вуҷуд меоваранд, шахси вазифадор ё мақомот аз лаҳзаи муроҷиаташ ба суд бо тартиби дар моддаи 12 Қонуни мазкур  омада, бо ариза дар бораи барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё ташкилоти динӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо ё манъи фаъолияташон ҳуқуқ доранд, ки бо қарори худ фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё ташкилоти диниро то аз ҷониби суд дида баромадани ин ариза боз доранд.

Оиди қарор дар бораи боздошти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Дар ҳолатҳои боздошти  фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ,  ташкилоти динӣ ё воҳидҳои минтақавиашон ва дигар воҳидҳои таркибии онҳо ҳамчун муассисаҳои воситаи ахбори омма ба онҳо истифодаи воситаи ахбори оммаи давлатӣ, ташкил кардан ва гузаронидани маҷлисҳо, митингҳо, намоишҳо, гирдиҳамоӣ, пикет мондан,  дигар амали эътироз ё чорабиниҳои оммавӣ, иштирок дар интихобот ва раъйпурсиҳо, истифодаи амонатҳои бонкӣ, истиснои истифодаи онҳо барои ҳисоббаробаркунӣ, ки ба фаъолияти хоҷагидориашон алоқаманд аст, товони зиёни (зарари) аз амалҳои онҳо баамаломада, пардохти андозҳо, боҷ ё ҷаримапулӣ ва пардохти шартномаҳои меҳнатӣ манъ карда мешавад.

Агар суд аризаро дар бораи барҳам додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ ва ё маъни фаъолияти онҳо қонеъ нагардонад, ин иттиҳодия ё ташкилот фаъолияти худро баъди ба ҳукми қонун даромадани қарори суд давом медиҳад.

Боздошти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бо тартиби муқараркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

Моддаи 14. Масъулияти воситаҳои ахбори омма барои паҳн кардани маводи экстремистӣ ва амалигардонии  фаъолияти экстремистӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маводи мазмуни экстремистидошта манъ аст.

Дар сурати аз ҷониби воситаҳои ахбори омма паҳн гаштани маводҳои экстремистӣ ё ошкор намудани асноде, ки мавҷуд будани хусусиятҳои

экстремистиро дар фаъолияташон нишон медиҳад, аз ҷониби муассис ва (ё) идораи (сармуҳарири) ҳамин воситаҳои ахбори омма мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ дар соҳаи матбуот, телевизион ва радиошунавонӣ ва воситаҳои ахбори омма, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори ба ӯ тобеъ дар бораи роҳ надодан ба чунин амалу фаъолият бо нишондоди хатогиҳои ҷойдошта дар шакли хаттӣ пешниҳод равон мекунанд. Дар ҳолатҳое, ки агар андешидани чораҳо оиди рафъи хатогиҳои ҷойдошта мумкин бошад, дар пешниҳод ҳамчунин мӯҳлати рафъи хатогиҳои номбаршуда, ки на камтар  аз даҳ рӯз аз рӯзи эълон кардани пешниҳод мебошад, муқаррар карда мешавад.

Аз рӯи пешниҳод бо тартиби муқарраршуда ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Дар сурате, ки аз рӯи пешниҳод бо тартиби муқарраршуда ба суд шикоят нашуда бошад ё суд онро ғайриқонунӣ ҳисоб накарда бошад ва ҳамчунин дар мӯҳлати муқарраркардаи пешниҳод чораҳои рафъи қонуншиканӣ, ки барои пешниҳод асос шудаанд ё худ агар такроран дар давоми дувоздаҳ моҳи эълони пешниҳод қонуншиканиҳои наве ошкор шуда бошанд, ки дар мавҷуд будани хусусиятҳои экстремизм дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма гувоҳӣ медиҳад, фаъолияти ин ё он воситаи ахбори омма бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур манъ карда мешавад.

Бо мақсади роҳ надодан ба паҳншавии минбаъдаи маводи экстремистӣ, суд метавонад фурӯши шумораҳои ин ё он матбуоти даврӣ ё ададӣ, нашри аудио, ё сабти видеоии барнома, ё нашри ин барномаҳои телевизион ва радиошунавонӣ ё баромадҳои видеоиро бо тартиби барои андешидани чораҳо барои иҷрои даъво боз дорад.

Қарори суд барои мусодираи қисми шумораи нашри ба фурӯшнарафтаи маҳсулоти воситаҳои ахбори омма, ки мазмуни экстремистӣ дорад, аз ҷои нигаҳдошт, савдои яклухт ё чакана асос шуда метавонад.

Моддаи 15. Роҳ надодан барои истифода аз хатҳои алоқаи  истифодаи умум барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ.

Истифода аз хатҳои алоқаи истифодаи умум барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ манъ аст.

Дар ҳолатҳое, ки агар хатҳои алоқаи истифодаи умум барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ истифода гарданд, чораҳои

дар Қонуни мазкур пешбинишуда бо назардошти хусусиятҳои муносибатҳое, ки аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа ба танзим дароварда шуданд, андешида мешаванд.

Моддаи 16. Мубориза зидди паҳн гаштани маводҳои  экстремистӣ.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва паҳн кардани маводҳои чопӣ, аудио ва аудиовизуалӣ ва дигар маводҳое, ки ақаллан як аломати дар моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинишуда дошта бошанд, манъ карда мешавад. Ба ин маводҳо мансубанд:

а) маводҳои расмии манъшудаи ташкилотҳои экстремистӣ;

б) маводҳое, ки муаллифонашон шахсони мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои ҷиноятҳои зидди сулҳ ва инсоният маҳкум шудаанд ва аломатҳои экстремистӣ доранд;

в) дигар маводҳо, аз ҷумла маводҳои беимзо, ки аломатҳои экстремистӣ доранд.

Муайян кардани мавҷудияти аломатҳои дар  қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда дар маводҳои иттилоотӣ аз ҷониби суд дар маҳалли ҷойгиршавии  ташкилоте, ки чопи чунин маводҳоро ба роҳ мондааст, бо пешниҳоди прокурор амалӣ гардонида мешавад.

Қарори суд дар бораи муайян кардани мавҷуд будани аломатҳои экстремистӣ дар маводҳои иттилоотӣ барои мусодираи қисми ба фурӯш нарафтаи адади нашр асос мегардад. Ташкилоте, ки дар давоми дувоздаҳ моҳ ду маротиба маводи экстремистиро нашр кардааст, аз ҳуқуқи давом додани фаъолияти нашриётӣ маҳрум карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн намудани  маводҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ҳамчун маводи мазмуни экстремистидошта эътироф шудаанд, манъ аст. Шахсоне, ки  ба тайёр, паҳн кардан ва нигоҳ доштани чунин мавод гунаҳгоранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Нусхаи қарори ба ҳукми қонун даромадаи суд дар бораи маводи экстремистӣ ҳисоб ёфтани маводҳои иттилоотӣ ба мақомоти ваколатдори идоракунии давлатӣ дар соҳаи матбуот, телевизион ва радиошунавонӣ ва воситаи ахбори омма равона карда мешавад.

Моддаи 19. Роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ ҳангоми  гузаронидани намоишҳои оммавӣ.

Ҳангоми гузаронидани маҷлисҳо, намоишҳо, гирдиҳамоӣ, роҳпаймоӣ

ва дигар намоишҳои оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ роҳ дода намешавад. Ташкилкунандагони намоишҳои оммавӣ барои риоя накардани талаботҳои муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тартиби гузаронидани намоишҳои оммавӣ дахл доранд, ба роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин ба пешгирии саривақтии он ҷавобгаранд.

Ба иштирокчиёни намоишҳои оммавӣ бо худ гирифтани яроқ ва дигар чизҳое, ки махсус тайёр карда шудаанд ва барои расонидани зиён ба саломатии шаҳрвандон ё зарар ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода шуданаш мумкин аст, манъ аст.

Ҳангоми гузаронидани намоишҳои оммавӣ даъват кардани ташкилотҳои экстремистӣ барои иштирок кардан дар он, истифодаи рамзҳо ва байрақу нишонҳои онҳо ва ҳамчунин паҳн кардани маводи экстремистӣ манъ аст.

Ҳангоми сурат гирифтани ҳолатҳои дар қисми сеюми моддаи мазкур пешбинишуда, ташкилкунандагони намоишҳои оммавӣ ё дигар шахсони дар гузаронидани он масъул ӯҳдадоранд, ки фавран чораҳоро оиди рафъи камбудиҳои зикршуда андешанд. Риоя накардани ин ӯҳдадорӣ боиси манъи намоиши оммавӣ бо талаботи намояндаҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, ташкилкунандагони он бо асосҳо ва тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 20. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи  мубориза бар зидди экстремизм.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлатҳои хориҷӣ ва воҳидҳои дигари таркибии онҳо, ки ҳамчун фаъолияти экстремистӣ ҳисоб меёбад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ  манъ аст.

Манъи фаъолияти ташкилотҳои хориҷӣ боис мегардад ба:

а) барҳам додани аккредитатсия ва бақайдгирии давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) манъи истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба сифати намояндагон ва аъзоёни чунин ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) манъи ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) манъи чопи ҳама гуна маводҳо аз номи ташкилотҳои манъкардашуда ба воситаи ахбори омма;

д) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъи паҳн гаштани маводҳои ташкилотҳои манъкардашуда ва ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ, ки маводҳои ин ташкилотҳоро доранд;

е) манъи гузаронидани ҳама гуна намоишҳои оммавӣ ва чорабиниҳои кушода ва ҳамчунин иштирок дар намоишҳои оммавӣ ва чорабиниҳои кушода ба сифати намояндаи ташкилоти манъкардашуда (ё намояндаи расмии он);

ж) манъи созмон додани ташкилоти вориси ҳуқуқ дар ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқии он ташкилот;

з) экстрадитсияи шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар давлатҳо ба экстремизм гунаҳкор дониста шудаанд дар он ҳолате, ки агар ин мақомот далелҳои гунаҳкор будани он шахсонро пешниҳод кунад.

Баъди ба ҳукми қонун даромадани қарори суд оиди манъи фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратии хориҷӣ мақомоти давлатии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст дар мӯҳлати даҳ рӯз намояндагии дипломатӣ ё консулгарии ҳамон давлати хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди манъи фаъолияти ин ташкилот, сабабҳои манъ кардан ва ҳамчунин оиди оқибатҳои он, ки бо манъи фаъолияти он ташкилотҳо алоқаманд аст,  хабар диҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофшуда дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм бо давлатҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо ва ҳамчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки муборизаро зидди экстремизм амалӣ мегардонанд, ҳамкорӣ мекунад.

Аз қадимулайём ғосибон бо мақсади забт кардани мулке пешакӣ заминаи ихтилофро дар он сарзамин фароҳам мекарданд.Агар худ ихтилоф андохта натавонанд ҳам,сар задани гурӯҳбозию нотифоқиҳоро ғанимат шумурда, фавран ба мулки ноором лашкар мекашиданд. Зерео сарзамини мардумаш парокандаро забт намудан осон аст.Боҳамин усул дар вақташ мустамликадорон кишварҳои гуногуни ҷаҳонро байни худ тақсим намуданд.Мустамликадорони Британияи Кабир бо усули “тафриқа андозу ҳукмронӣ кун”миёни

ҳиндуву мусулмону синх зиддият андохта, Ҳиндустони чанд маротиба

аз ҳудуди давлати калону серааҳолиро забт карданд ва зиёда аз ду аср зери мустамлика қарор доданд. Пайдошавии фирқаву равияҳои динӣ низ бо мақсади заиф кардани кишварҳои муайян таҳия мешаванд, ки душманон дар лаҳзаи зарурӣ аз он истифода мебаранд.

Дар замони муосир ба миён овардани ихтилофоти мазҳабӣ дар Афғонистон, Ливия, Яман, Ироқ, Миср, Югославия, Украина ва ғайраҳо боиси аз байн рафтани суботу оромӣ ва фалаҷшавии иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳони муосир ва оқибатҳои он гардид.

Шоҳигариҳои шаш давлатҳои араб бо сардории Арабистони Саудӣ ва Америка дар давлатҳои гуногун марказҳои террористӣ ва экстремистӣ амал мекунанд. Масалан, Бен Ладан асосгузори Ал-Қоида, Абӯ Бакр Ал Бағдодӣ асосгузори Давлати Исломӣ ё Даиш, гурӯҳи Ҷаҳад Ал Нусра дар давлатҳои Шарқи Наздик. Шаҳрвандони собиқ Давлати Шӯравӣ, аз он ҷумла ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ-сепаратистӣ амалиёт мебаранд.

Барои пешгирӣ намудани воридшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо бояд чораҳои ҷиддӣ андешид. Барои ин методҳои инноватсионии тарбияи ҷавононро мувофиқи пешниҳодҳои Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Имомали Раҳмон ба амал бояд татбиқ намуд.

Барои ба ин мақсад расидан дар ДКМТ тарбияи ҳуқуқии ҷавононро бояд пурзӯр намуд. Ташкили ташкилоти ҷамъиятии донишҷӯён, яъне Комитети Иттифоқи Касабаи донишҷӯёни ДКМТ барои ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо аз аҳмият берун нест.

Хуб мешуд, ки дар базаи зерсохторҳои муовини ректор оид ба тарбия ва кор бо ҷавонон, факултетҳои мавҷуда,. факултети байни факултетии касбҳои ҷамъиятӣ ва маркази худидоракунии донишҷӯён ташкил карда мешуд.

Мавлонов Манон-номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи Экология