Таърих гувоҳ аст, ки аз давраҳои қадим ҳаракати ғасби ҳокимият ва сарват, роҳҳои соҳибшавӣ ба манбаҳои даромад, ба даст даровардани роҳҳою бозорҳо ва торафт васеъ кардани миқёси он дар тамоми олам набошад ҳам, дар байни давлатҳо боиси даргириҳо будааст. Барои амалӣ намудани ин мақсадҳо истифодаи ҳамаи восита ва усулҳо аз бастани воридшавии корвонҳо ва оби шаҳрҳо дар замони қадим то эълони ҷанг ва ҳуҷуми мусаллаҳона амалӣ карда мешуд. Дар замони ҳозира қатъ кардани додугирифт ва гузоштани монеаҳо ба муносибатҳои иқтисодӣ бештар истифода гардида истодааст. Дар аксари ҳолатҳо, дар ҳолати номуваффақӣ ва ба вуҷуд омадани хавфи нобудӣ ва ё имкон доштани рмсидани зарари хеле калон аз ин пайгириҳо ва ҳаракатҳо даст кашида мешуд.
Вале ҳодисаҳои ҷаҳони нимаи дуйӯми асри ХХ ва ибтидои асри ХI нишон медиҳанд, ки аз дар олам, хусусан дар шарқи наздик ҳодисаҳои терроризм васеъ доман паҳн карда истодааст, ки аз усулҳои дар боло номбаршуда истисно мебошанд. Сабабҳои ин хулоса аз нагаравидани гурӯҳҳои ҷангараи террористӣ ба ҳаракатҳои сулҳҷӯӣ ва ба эътибор нагирифтани қадри ҳаёти мардуми осоисхоҳ, ҳодисаҳои хеле зиёди истифодаи бомбаҳои тарканда дар нуқтаҳои гуногуни олам аз тарафи шахсони суитсидӣ баромада меояд.
Пас, сабаби пайдо шудани зуҳуроти куштани афроди дигар бо нархи ҷони худ бо роҳи худтарконӣ аз куҷо пайдо шудааст? Барои чӣ ин гурўҳҳои оштинопазир бе ҳеҷ дудилагӣ тайёранд садҳо ва ҳазорҳо мардуми бегуноҳро қурбон кунанд, кўдакони онҳоро бе саробон, маҳрум аз меҳри волидон монанд?
Куштани шахсе аз тарафи шахси дигар дар қонуни ҳар кадом давлат маҳкум карда мешавад. Дар шариати ислом низ рехтани хуни баноҳақ гуноҳи азим шуморида мешавад. Аз нуқтаи назари инсонӣ низ одам як бор ба дунё меояд ва дар ҳамин муддати дар миқёси таърих хеле ками ҳаёташ бояд умри нисбатан шоиста дида, осори неке бо амали некаш ба нафъи мардум аз худ боқӣ гузорад ва бурида шудани риштаи ҳаёташ боиси иҷро нашуда мондани ин орзуву омоли ў мегардад.
Дар мисоли Ҷумҳуриҳои Осиёи миёна қисме аз мардум ба кишварҳои хориҷа бо сарсониҳо рўбарў шуда барои дарёфти маблағ барои зиндагӣ ба мардикорӣ мераванд. Аз тарафи давлат ва ҳукумати кишвар саъйи зиёд карда шуда истодааст, ки шумораи онҳо бо пайдо кардани ҷойҳои кории нав камтар карда шавад.
Соҳтмони Нерўгоҳи барқии обии Роғун бо ташаббуси президенти кишварамон оғоз гардид. Вобаста ба ин сохтмон зиёда аз се ҳазор ҷои корӣ бунёд гардид. Мамлакат аз бўҳрони энергетики раҳоӣ ёфт. Минбаъд иконияти содироти қувваи барқ ба кишварҳои ҳаммарз ва барои талаботи саноати дохилӣ зиёд шудан мегирад. Барои амалӣ намудани раванди саноатикунонӣ мамлакат ба маблағгузории калони хориҷӣ эҳтиёҷ дорад. Вале амалҳои бераҳ-монаи террористӣ боиси гум гаштани майли инвесторон мегардад.
Бо мақсади рушди соҳаҳои сайёҳӣ аз тарафи Пешвои миллат ду соли охир солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Рушди ин соҳаҳо имконияти зиёд шудани шумораи сайёҳон аз давлатҳои хориҷа ва аз тарафи онҳо чун хотира аз Тоҷикистон харида шудани намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ гардида, ба зиёд шудани даромади буҷаи давлат мусоидат менамуд, боиси пайдо шудани ҷойҳои кории иловагӣ мегардид. Андозаи маоши коркунони буҷавӣ, муаллимон, духтурон, ки насли наврасро таълим медиҳанд, дар талоши саломатии онҳо мебошанд ва ниҳоят нафақахўрон аз даромади буҷа вобаста аст, ки аз ҳамин ҳисоб пардохт карда мешаванд. Пас амалҳои террористии куштани сайёҳони хориҷӣ аз тарафи ҳамватанони худамон дар шоҳроҳи автомобилгарди ҷанубии кишвар баробари теша задан ба некуаҳволии халқи тоҷик гардид. Ё ин ки ҳуҷуми террористӣ ба сарҳадбонон, ки ҳифзи амнияти мардуми кишварро иҷро мекарданд. Ҳар яки ин кушташудагон падару модар ва зану фарзанд доштанд, ки бо ин мўсибати ҷудошавӣ аз саробонашон дар чӣ аҳвол гирифтор шуданд, онҳо фикр мекунанд?
Дар замони ҳозира дар интернет дар баробари маводҳои фоиданок маводҳои дуруғи маҳз, иғвоангез ва ифротгароӣ низ бисёр ҷой гирифтаанд. Бинобар ин ҷавонони азизро зарур аст, ки мақсади пешаи ояндаи худро интихоб намуда, аз донандагон маслиҳат гирифта, маводи зарурии таълимиро ҷустуҷў кунанд, ба ҳар хел сомонаҳои санҷиданашуда дохил нашаванд ва аз даъватҳои иғвоангез худро дур нигоҳ доранд. Дар акси ҳол бинобар васеъ набудани ҷаҳонбиниашон хатари ба гурўҳҳои террористӣ гирифтор шуда монданашон таҳдид мекунад, ки оқибати нек надорад. Ҳар соати вақти холиро барои омўзиши фанҳои ба касби оянда зарур сарф кунанд.
Холматова М
омӯзгори кафедраи таъминоти барқ