ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои олам ҷангҳои харобиовар идома доранд, ки боиси афзоиши шумораи қурбониён ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Ҳарчанд тамоми кишварҳо барои пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби замони муосир – терроризм ва ифротгароӣ тадбирҳо меандешанд, вале, мутассифона, хатари он беш аз беш авҷ гирифта истодааст.

Дар ҳамаи давру замон гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва ҳамеша нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро таъриху фарҳанги башарият собит намудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техникаю, афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср бошад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст.

Қувват гирифтани  ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ки аз номи дини Ислом амал карда, номи ин дини мубинро чун расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, бешак, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод намудааст.

Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ингуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд ба масъалаҳои таълим ва махсусан тарбия ҷиддӣ рафтор намоянд.

Илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони камсавод маҳсуб меёфт. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд гурӯҳҳои манфиатҷӯ дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд.

Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстреризм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзӯънок бедор намоянд.     

                           Абдураҳмонова А.

омӯзгори ДКМТ