ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда ба ҳамдигар кӯмак расонда тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Ҷаҳони муосир бо баробари пешравӣ, рушду нумӯи технология, пешравии ҷомеа- гирифтори хавфу таҳдидҳоест, ки зуҳуроти терроризму ифротгароӣ бо кору фаъолияти разилонаи худ ба он таъсир мерасонад. Тамоми аҳолии сайёра аз оташи ҷангу низоъҳо ва  оқибатҳои фоҷеабори ин вабои аср бетараф нестанд. Хатари ин низоъҳову бедодгариҳо, ҷинояткориву вайронкориҳои гурӯҳҳои ифротӣ барои ҳар як сокин таъсири худро хоҳад расонд. Хатари терроризму экстремизм ва оқибатҳои фоҷиабори он рӯз то рӯз ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Зиёдшавии сафи ин гурӯҳҳо ва афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба яке аз масъалаҳои ҳалталаби кишвари азизи мо низ табдил ёфтааст. Мубориза бар зидди амалҳои террористон яке аз ҳадафҳои асосии ҳар як шаҳрванди мамлакат буда, дар ин самт тадбирҳои зиёде қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Ҳангоми шарҳи асосии мафҳуми терроризм мо амалеро мефаҳмем, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоварад, мақсади асосии он вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсири мусбӣ расонидан ба аҳолии сулҳпарвар буда ҳадафҳою мақсадҳои онҳо аз беэътиноӣ ва нофаҳмӣ метавонад ҷавонони моро ба вартаи ин дастаҳо ғӯтавар намояд. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро ҷавонони гумроҳзадаи мо шефтаи суханҳои бардурӯғи  хоинони давлат шуда бар муборизаи давлати худ баромад мекунанд. Албатта гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ иллату омил сабаб дорад,ки шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар метавонад аъзои он бошад. 

Боз як воситаи асосии пайвастани ҷавонони Тоҷикистонӣ ба ин раванди ғайри инсонӣ муҳоҷират ба шумор меравад. Муҳоҷират имрӯз равандест, ки дар баробари оқибатҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ доштанаш, яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонони гумроҳанд, ки ба ин гурӯҳу равияҳои террористӣ шомил мешаванд.  Дигар ҳолат ба таълимоти расмии динӣ дар хориҷи кишвар сафарбар шудани ҷавонон ба ҳисоб меравад. Намояндагони гурӯҳҳои террористӣ бо шахсиятҳои гумроҳ кордорӣ намуда бо роҳи фиребу найранг, бо ҷалби пинҳонӣ эътиқоди онҳоро ба амалҳои нопоки худ ҷазб мекунанд.

Дар баробари мубориза бар зидди ифротгароӣ ва пешгирии роҳи шомилшавии ҷавонон ба ин зулмоти ваҳшиёна зери ниқоби “давлати исломӣ”, “барандагони дини мубини ислом” ва дигарҳо аз тарафи Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шуданд амалӣ карда шуда,  моро зарур аст, ки босаводӣ, ҳушёриву зиракӣ, бомасъулиятиву бомаърифатии хешро  дар ҳамаи корҳои созандаву бунёдкор дар асоси партави кору афкори Роҳбари давлат сафарбар намоем.

Юсупов Х.М.

мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ