Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртибот надоранд, баръакс аз чониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд бо ҳар гуна роҳ ҷавононро фирефта карданд.
Ҳар рӯз тавассути расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои телевизионӣ аз амалҳои террористии гуруҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия пахш мегарданд. Сокинони сайёра ваҳшонияти ҷангиёнро, ки худро ҳомии ислом хонда, мардуми бегуноҳро қатли ом мекунанд, қотеона маҳкум менамоянд.
Мутаасифона ташвишовар он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, теъдоди зиёдашон фавтиданд.
Тибқи нишондоди таҳлилгарон ва расонаҳои ҳориҷӣ танҳо дар даргириҳои Сурия зиёда аз 260 нафар ҷавонони Ироқӣ кушта шуданд. Дар ҷанги Сурия бархе аз ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ иштирок намуда, ба ин гуруҳҳои экстримистӣ пайвастанд. Сабаби асосии ба ин гуруҳҳо пайвастани ҷавонон ба гуфти таҳлилгарон пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст дода, ба зудӣ фирефтаи ваъдаҳои бардуруғи ин гуруҳҳо мешаванд, чуноне ки аз расонаҳои хориҷӣ бармеоянд, ин гуруҳҳои экстремистӣ ба онҳо маблағ ва ҳатто ҷойи кори хубро ваъда мекунанд. Инчунин дуруст надонистани моҳият ва мазмуни дини мубини Ислом низ ба ин сабаб мегардад, зеро ҷанги мусулмон бо мусулмон ҳаргиз ҷиҳод нест, ба ҳалокат расидани мусулмон аз дасти мусулмон ҳеҷ гоҳ маънои «Шаҳид» шуданро надорад.
Давлати ҷавони мо дар солҳои авали соҳибистиқлолӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва пиру ҷавон бо чашми сарҳама даҳшату ваҳшат ва харобкориҳои онро диданд. Яъне баъди ин сабақи талхи таърихӣ мобояд миллате бошем, ки ҷангро чашми дидан накунем ватанҳо дар як ҳолати истисноӣ-ҳимояи Ватан силоҳ ба даст бигирем. Пас чаро як идда ҷавонони тоҷик «Давлати исломӣ» пайвастаанд? Зимнан то ҷое маълум аст, аксари кулли онҳо ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Руссия будан ба Сурия рафтаанд. Ба ин савол, аз ҷумла чунин посух медиҳанд, ки барои пайдо намудани қути лоямут рафтаанд. Бехабар аз он, ки онҳоро дар он ҷо на пули калон, балки маргинтизораст.
Омилҳои дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири манфӣ мерасонанд, ин наворҳои таблиғотиест, ки тавасути шабакаи Интернет паҳн карда мешаванд. Бинобар ин, вазъи имрӯза, раванди тезутундшавии манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, бархурди тамадунҳои гуногун, зарурияти ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот дар назди ҳар як фарди кишвар алалхусус наврасону ҷавонон вазифа мегузорад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба муқобили ҳама гуна гуруҳҳои ифротгаро, ҷудоиандоз мубориза бурда дар рушди босуботи Тоҷикистони соҳибитиқлол саҳмгузорӣ намоем.
Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд.
Боиси ифтихор аст, ки имруз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди омода намудани олимони ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар давоми солҳои истиқлолият барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои назаррасро анҷом дода истодааст.
Муҳаммадюсупова Ш.А.
муовини декан оид ба таълим
Абдуллоева Д.К.
эдвайзери факултет