ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ –ВАСИЛАИ ГУНОҲ

Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ омадааст, ки: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, ҳисси бадбинӣ, нафрат, аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили он шахс ҷой мекунанд. Ҳатто, ба дараҷае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама дороияшон гузашт карда, даст ба чунин кори зишт мезананд.

Ҳатто ташкилотҳои террористӣ пешакӣ маблағҳои калонро ба онҳо ваъда дода, мурољиат мекунанд, ки агар ту худро тарконӣ ба биҳишт ворид мешавӣ, аз ту то рӯзи қиёмат пурсиш намешавад гуён фатво медиҳанд. Чашм ва дили террористро бо ин таъсирҳо кӯр карда, онҳо худро зинда ба зинда метарконанд,

Қобили қайд аст, ки ҷанговарони «Давлати исломӣ» набояд даъвои ҷиҳод кунанду худро муҷоҳид шуморанд, зеро хуни бегуноҳон ва бародарони мусулмони худро рехта, аҳли хонадон ва хешону пайвандони онҳоро гирифтори дарду алам менамоянд.

Бори аввал ин амали нангин 34 сол пеш аз ин, соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод, ки дар он 27 нафар бегуноҳон ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар захмдор шуданд. Масъулияти ин амали зиштро ташкилоти дар он вақт навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» ба уҳда гирифт ва дар ин ҷода нахустин тадбиқкунандаи чунин навъи террор ба шумор мерафт.

Имрӯз террористон бозичаи дасти «Давлати исломӣ» гаштаанд. «Давлати исломии Ироқ ва Шом» бо забони араби «Ал-Даула, Ал-Исломия» дар шакли мухтасари он бо форсӣ «ДИИШ», бо забони русӣ «ИГИЛ» (Исламское Государство Ирака и Леванта) маъруф гаштааст.

Ҳанӯз дар арафаи шукуфоии гуруҳи «ал-Қоида» дар соли 2004 гуруҳи «Тавҳид ва ҷиҳод» таҳти роҳбарии Абу Мусъаб Ал-Зарқавӣ таъсис ёфта, аз ҷониби саркардаи собиқи «ал-Қоида» Усомма Бин Лодан ба расмият шинохта шуд. Қобили қайд аст, ки аъзоёни гуруҳи «Давлати исломӣ» хусусан «Ҷабҳат-ун-нусра» аз бераҳмтарин ҷангиёни ҳозира натанҳо дар Сурия ва Ироқ, балки дар саросари ҷаҳон ба шумор мераванд. Аз хизмати «Террористони худкуш», ки ташкилотҳо махсус тайёр мекунанд, гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» васеъ истифода мебарад. Мувофиқи маълумотҳо аз соли 1982 то соли 2002 дар ҷаҳон наздики 300 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд.

Инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро террористон даст ба чунин амали паст мезананд? Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин, надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари худро бадному гумном намудан дигаронро ба қатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кӯдакон раҳме надоранд. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ қурбон мешаванд.

Коршиносон терроризмро ба 3 намуд ҷудо намуданд: 1 сиёсӣ, 2 миллӣ, 3 динӣ. Мудҳиштарин ва фоҷиабортарин намуди онро терроризми динӣ ташкил медиҳад. Ин амалиёти марговарест, ки дар зери ниқоби дин пинҳон шуда, зери ливои он мубориза мебарад. Намунаи барҷастаи онро муборизаи Фаластинҳо алайҳи Исроилиҳо арзёбӣ кардан мумкин аст. Дар ин шакли терроризм тарафи «ҷабрдида» пайравони як дин ва тарафи муқобил пайравони дини дигар мебошанд, ки аксаран ин амалҳои нангин зери мафҳуми «Ҷиҳод» ба анҷом мерасад. Аз ин рӯ, фирефташудагон ва фирефтамешудагонро огаҳӣ медиҳем, ки худро аз ин амалҳои хатарнок дур гиранд, чунки аз ин манфиате ба даст намеоранд. Бояд донист, ки он аз ғаразу манфиати ташкилот ва шахсони алоҳида иборат мебошад. Онҳо зери ниқоби дини мубини ислом даромада, гӯё дар натиҷаи ваҳшиёна ба қатл расонидани «Кофирон» инсон биҳиштӣ мешавад, ғаразҳои барои хеш манфиатоварро амалӣ мекунанд.

Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалу ҳаракатҳои ғайриинсониву экстремистии ин гуруҳҳоро сахт маҳкум мекунанд.

Сарвари давлат низ чандин маротиба аз минбарҳои баланд амалиётҳои ҷангиёни «Давлати Исломӣ»-ро сахт маҳкум намуда, ҳушдор доданд, ки бадбахтона дар ин амалиётҳои террористии гуруҳҳои экстремистӣ аз кишвари мо -Тоҷикистон низ чандин ҷавонони ноогоҳу раҳгумзада иштирок намуда истодаанд. Роҳбари давлат ба тамоми мақомотҳои қудратии кишвар, мақомотҳои маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мардуми мамлакат супориш доданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона созанд, ки ҷавонони мо ба фиреби бегонагон наафтода ба чунин гуруҳҳои ифротгаро шомил нагарданд. Имрӯз мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри ҳифзу музаффариятҳои истиқлолият, дастоварду комёбиҳои кишвар, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои сарвари давлат ба амал омадааст, қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоем.

Роҳбари давлат дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки имрӯз тамоми сокинони Тоҷикистон, хусусан ҷавонон шукронаи ин даврони ободу зебо, шукронаи давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро баҷо оранд.

Ва маҳз танҳо бо меҳнати ҳалоли созандаву бунёдкорона, нигоҳи нек ва дили пок ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва муҳаббат ба ин сарзамину хоку диёр, мо метавонем меҳру садоқати хешро нисбат ба Ватан нишон диҳем ва баҳри ояндаи нек шабу рӯз талош варзем.

Дар ин ҷода тамоми сокинони сарбаланди Бадахшонро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандусти ҳақиқӣ тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишвар ба ин гуруҳҳои ифротгаро талош кунанд.

Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъӣ гиранд, аз ҳаргуна ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ, гуруҳҳои иғвоангезу мазҳабҳои тафриқаангез эҳтиёт намоянд.

Ахмедова Париноз

директори китобхонаи ДКМТ