Терроризм ва экстремизм вабои аср

Дар ҳоле, ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, ба омӯзиши илмҳои муосир, ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хуруфотпарастиву ифротгароӣ вав таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст. Эмомалӣ Раҳмон.

         Дар ҷомеаи муосир экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб барои тамоми кишварҳо хатарзо мебошад. Гурӯҳе аз ашхосони тамаъҷӯ барои ба хадафҳои нопоки худ ноил шудан ташкилотҳои гуногун созмон дода, пас бо ҳиллаю роҳҳои гуногун дини имубини ислосро истифода мебаранд. Гурӯҳу ташкилотҳои экстремистию фундаметалистӣ ва террористӣ ба эътиқоди динии шаҳрвандон таъсир расонида, мардумро бовар кунонидани мешавад, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳо динии онҳост. Қурбонии чунин ҳаракатҳо ва дигар зуҳуротҳои номатлуб асосан ҷавонон мешаванд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода , ахдоди ифродгароёнро биомӯзанд ва барои пегирии омили нопокии онҳо кӯшиш кунанд, то сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Терроризм ва ифродгароӣ боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани заррари маънавии вазнин, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва иқтисодӣ мебошад. Терроризм ин содир намудани амалҳое, ки ба одамон хатари маргро меоварад ва барои вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ мебошад.

Саидов Бахтиёр

дотсент