Имрӯз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амони, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва барои тамоми ҷомеаи ҷавонон хатар пайдо мекунад.
Дар таблиғи фикру ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар ҳар минтақаҳои давлат корбарӣ мекунанд ва ин андешаҳои ҷавононро таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-уғ-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам», «Толибон», «Игил» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд. Лекин пеш аз гирифтани бойгариҳои ҳар як сарзамин, аввал ҳамон минтақаро хароб гардонида ба ҷангҳои бародаркуши, бесарусомони, поймолкунии ҳуқуқҳои инсонӣ оварда мерасонанд. Баъди несту нобут кардани ҳукумат ва роҳбарияти ҳамон сарзамин, дуздии бераҳмонаю ғоратгариро пеш мегиранд.
Рӯҳониён ва исломшиносон дар чорабиниҳои дини бисёр таъкид кардаанд, ки рафторҳои ин ҳайати ифротгароӣ ва дигар гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд бо дини исломи ҳақиқӣ ягон алокамандие надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳро ба қатл мерасонанд, кӯдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд. Баъзе нафарон бошанд барои халос ёфтан аз ин нопокиҳо даст ба гурезагӣ мезананд.
Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағъир ёфт, ки ин ҷанги хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад».
Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшионаи худ ба мазҳабу дин такъя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосои мо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.
Ҳодисаҳои нангине, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Африқо ба мисоли Либия, Тунис, Сурия, Ироқ, Миср ва дигар давлатҳо ба вуқуъ омадаанд, ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад.
Яке аз амалиёти охире, ки террористон ба анҷом доданд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд, ин қатли модар аз тарафи фарзанд буд. Ин рафтори он роҳбарон буд, ки фикру ақидаи қотилро бар зидди модараш ба дараҷае вайрон кард, ки бечора модар бо як орзую умед дар батни худ бо шири поки худ ӯро ба камол расонид, аз дасти фарзанди худ ҳалок гардид. Ин амали аблаҳонаи гурӯҳҳои террористонро мардуми Тоҷикистон дар қатори дигар халқиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум намуданд.
Имрӯз коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври восеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Чӣ хеле, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ як гурӯҳ ҷавонони тоҷикро бо гурӯҳи исломии Узбекистон пайваст шуданро намоиш дод, дар он ҷо падари яке аз ҷавонон бо оби дида гуфт, ки чунин фарзандро аз руи замин нест созед то ин, ки ман ҳамчун падар пагоҳ дар назди миллату давлатам сархам ва ба ҷавобгарӣ кашида нашавам. Чуноне, ки вақтҳои охир аз воситаҳои ахбори оммавӣ- сиёсӣ ва дигар ахборотҳои сохторҳои қудратӣ маълум гардид, дар ҷумҳурӣ 14 – гурӯҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби неруҳои қудратӣ маҳв гардида, фаъолияти 12 – ҳаракат, ҳизб ва гурӯҳҳои экстремистӣ – ифротӣ, тундгаро дар қаламравӣ кишвар манъ гардид. Бархе аз ҷавонон – шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз номи гурӯҳи давлати Исломии Шому Ироқ меҷанганд муайян гардида нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Барои пешгирӣ намудан аз ин вабои аср мақомотҳои қудратии кишвар чораҳои мушаххасро андешидаанд. То имрӯз 1190 нафар ҷавонони ҷумҳурӣ дар сафҳои созмонҳои террористӣ ошкор карда шуданд ва нисбати онҳо тафтишот бурда шуда истодааст ва зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд.
Моҳи апрели соли равон дар ш. Хоруғ конфронси илмӣ – амалӣ оиди «Хатарҳои терроризм ва экстремизми байналмиллалӣ ба амнияти кишвар ва чораҳои пешгирии он» баргузор гардид, ки дар баромади муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед қайд гардид, ки «Боиси таасуф аст, ки 1200 – нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар сафи ташкилотҳои байналмиллалии террористӣ қарор доранд».
Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин наъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.
Шамсиддинова М
Омӯзгори ДКМТ