«Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда,барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрўз яке аз проблемахое, ки тамоми чахонро фаро гирифта аст ин зухуроти номатлуби Тероризм ва Экстремизм мебошад. Тамоми мардуми сайёра имрўз кўшиш ба он медиханд, ки бар зидди ин амали номатлуб мубориза баранд.
Вожаи «террор» ё «терроризм », ки имрӯз дар васоити ахбори умум хеле зиёд вомехӯрад, аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад. Ин зуҳуроти номатлубу даҳшатовар таърихи тӯлони низ дошта, то ин сатҳ доман густурдани он албата таҳқиқу тадқиқоти сиёсию ҷомиашиносӣ ва ғоявию маънавиро тақоза дорад. Коршиносонро зарураст, ки сабабу омилҳои пайдоишу рушди терроризмро ҳамаҷониба омӯзанд. Зеро чунин зуҳроти тоқат шикану даҳшатзо имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардаст.
Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноятӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки аз ҳама бештар терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ, экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаю канори сайёра ба мушоҳида мерасад, зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин пеш аз ҳама ба хотири сӯйистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад.
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки ислом сӯйистифода намуда, даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл, аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам, онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Мутаассифона, аксари онҳое, ки ба асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезаву тундравӣ, таҷовузгароӣ, барқасдкорӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст.
Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки бояд дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бошад. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта шуд: «Терроризм ва экстремизм имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон гардидааст».
Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем. Танҳо ин гуна муносибат метавонад моро ба осоишу якдигарфаҳмӣ ва меҳнати бошарафу дастовардҳои беназири мардуми кишвар муваффақ гардонад.
Дар Тоҷикистон низ барҳе аз гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон манъ шудааст, боз ҳам барои ноором кардани фазои сиёсии ҷомеа тавассути шабакаҳои иттилоотӣ ғояҳои ғаразнокӣ худро пешниҳод карда истодаанд. Аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои салафия, ҳизби таҳрир, бародарони муслимин, ТЭТ ҲНИ, гурўҳи 24 ва ғайраҳо.
Онҳо аз сулҳу субот, ваҳдати миллие, ки дар натиҷаи муборизаю заҳматҳои пурмашаққат ба даст омадааст, намерасанд. Дар моҳи шарифи рамазон нигоҳ на карда ташкил кардани ҳаргуна бетартибию ҷамъомадҳо на аз рўи меъёри динӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ҷавобгў намебошад. Ҷалб кардани ҷавонон ва гумроҳ кардани онҳо низ яке аз амалиётҳои нопок ва ғаразнокӣ ин равияҳои ифротӣ мебошад, ки бо ин онҳо мақсад доранд, ки зидди сохти конститутсионӣ, ваҳдату оромии кишварро халалдор созанд.
Роххое, ки имруз човононро ба ин самтхои зидди инсонӣ мебаранд, инхо пеш аз ҳама ҷиҳатхои сусти ҷавононро пойдор намуда, аз номи дини мубини ислому мусалмонӣ ҳарф зада, чавонони хомро шефтаву мафтуни ин гурўҳҳои ифротӣ менамоянд. Сари ин мавзўъ бояд андеша кард, ва кўркўрона набояд бо роҳнамоии дигарон роҳ ҷуст.
Ин мушкилотро мо танҳо бо рохи баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомъеа ва бо фарҳангкунонии он метавонем пешгирӣ намоем. Чуноне, ки Роҳбари давлат дар яке аз мақолаҳояшон мегўянд:
«То он даме, ки худшиносии таьрихии миллат ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, аз коргару деҳқкони оддӣ сар карда то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, ва то даме, ки манфиатҳои миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрую эбтибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайан нагардад, мо барзидди чунин проблемаҳои глобалӣ мубориза карда наметавонем ва давлати сохибихтиёрро бо тамоми чузьиёташ ташкил кардан аз имкон берун аст».
Биёед ҳама якҷо камари ҳиммат баста, аз як гиребон сар бароварда ин зуҳуротҳои номатлубро аз ҷомеаву кишвару сайёраи худ аз беху бумаш решакан намоем ва нагузорем, ки барои ояндаи насли донишманду бо фарҳанги ачдодони Сомониву Рўдакӣ, Фирдавсиву Ҷомӣ касе сади роҳ ва монеа шаванд.
Ва чунин давлати биҳиштосое, ки Худованд бар мо насиб гардондааст, барои сангу хоки ин сарзамини мо бояд ҷону ҳаёти худро дареғ надошта ин ватани азизамонро аз ҳаргуна зуҳуроти номатлуб ва вабои аср хифз намоем!
Ҳоҷибоев Д .Д.
омўзгори кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ