Терроризм яке аз роҳҳои ба амал барорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори дахшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктаррин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маюбу корношоям шуданд. Террористон тавонистанд бо ғасби якчанд ҳавопаймо кирдореро анҷом диҳанд, ки дар таърих аз мудҳиштарин амали террористӣ ба ҳисоб меравад.
Ихтилофу зиддият, номуросоӣ ,бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Таассуфовар аст, ки дар Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва як қатор давлатҳои дигар, ки нобаробариҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ зиёд авҷ гирифтаанд, гурӯҳҳои иртиҷоӣ бо истифода аз вазъи ба амаломада ҳадафҳои душманонаи худро алайҳи мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд. Содир намудани акти террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гардидааст. Рахт бастани ҳиссиёти раҳму шафқат аз вуҷуди ашхоси бадсиришту беимон, аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ бехабар боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро ба зиндаги осоишта маҳрум месозад. Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятим, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳуқуқ надорад ҳаётро аз онҳо рабояд, ба ҷуз офаридагор. Фоҷиаи сангине, ки ба сари толибилмони шаҳри Беслан омада буд, то имрӯз ғаму ғуссаро дар қалби волидони кӯдаконе, ки бо умеду орзуҳои зиёд ба остонаи мактаб қадам ниҳода буданд, дур накардааст. Ба мисли ҳамин ҳодисаи дигаре дар нисбати толибилмони мактаби ҷамъияти артиши Покистон дар шаҳри Пешовар, санаи 11 декабри соли 2014 анҷом дода шуд, ки дар натиҷа 151 нафар ҳалок гариданд.
Имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гуруҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ ” ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба тарс овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бе тараф гузорад. Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии актҳои террористӣ, харҷи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ бо мақсади ҳарчи бештар расонидани хисороти моливу ҷонӣ ва бемамониат ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро кашфу ихтироъ мекунанд. Нагирифтани пеши рохи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунини зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан, дигар андешаи солиме ҷой надорад. Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткорорнаи ин гурӯҳҳо аст.
Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми кишварҳои ҷангзада ба умеди амният ва осудагӣ роҳ ҷониби кишварҳои Аврупо мегиранд ва он ҷо низ онҳоро мушкилоти зиёде пеш меояд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад. Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм ” Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм . Конвенсияи созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм , Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарӣ )” ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоад.
Мурод Шербоев
сардори шуъбаи илм ва инноватсия