ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БАР ҶОМЕА

Кишвари азизи мо солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби амалҳои даҳшатбори гурӯҳҳои ифротгаро афтид ва ҷанги шаҳрвандӣ зарари зиёди моливу ҷонӣ ва маънавӣ ба кишвар овард. Маҳз бо ҷасорату иродат ва кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат дар кишвар сулҳу ваҳдат ҳукм фармо гардид.

Ҷаҳони пурталотуми имрӯза мардуми сайёраро ба мушкилоту тазодҳои зиёди хеле сангин рӯ ба рӯ намудааст, ки хатарноктарини онҳо террроризму экстремизми динӣ мебошад.

Маҳз ин зуҳуроти номатлуб -терроризм, имконият ва шароит барои ба миён овардани  хатари маргро фароҳам меоварад. Истифодаи ин зуҳурот мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад, зеро истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Боиси қайд аст, ки аъзоёни ин зуҳурот бо воситаи террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ меоваранд.

  Имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва камбағалӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба яке аз муаммоҳои ҷиддитарини инсоният дар асри кунунӣ табдил ёфтааст.

Воқеан ҳам, дар ин давраи бисёр ҳассос вазифаву масъулияти мо омӯзгорон дар тарбияи ватандӯстии насли наврас зиёд аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пайваста дар дарсҳои тарбиявию машғулиятҳои ҳамарӯза ба хонандагон дӯст доштани Ватан, мукаддасоти миллӣ ва арзишҳои инсониро талқин намуда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба камол расонем.

Мо ҳамеша ба суханони Сарвари давлат пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии Ватани хеш, сулҳу ваҳдати миллӣ, гиромӣ доштани Муқаддасоти Тоҷикистон, ҷашну маросимҳо, танзиму оин ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Абдуллоева Н.М.

мудири кабинети кафедраи МО ва И