ТЕРРОРИЗМ ВА ТАҲДИДИ ОН БА ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ИНСОНИЯТ

Бояд қайд кард, ки имрўз Тоҷикистон Истиклолияти худро бо комёбиҳои  ба даст овардаи худ дар сиёсат , иктисодиёт , ичтимоиёт ва фарханг  қайд намуда, ҳаёти хушбахтонаи  сокинон ва давлати худ Тоҷикистонро баланд бардошта ба суи камёбихои нав ба дар бунёдкори, созандагӣ ва гул-гул шукуфии Тоҷикистони соҳибистилол бо сарварии Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ -Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба суи пешрафихои нав ба нав мехнат намуда  ба хифзи хар як ваҷаби ватани азизамон Тоҷикистон ҳар як фарди  кишварамон хушёрӣ зиракии худ ба ҳифзи ватан бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар омодабош ҳастанд.

Яке аз масъалаьои дощи рӯз дар ҷаҳони муосир ин терроризм, экстримизм, шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарои, бесаводи, надонистани дин ва рукнҳои он, ҷаҳонбинии танг, ин хатари даҳшатзову марговар сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст.

Ҷаҳони имрӯзаро дар баробари пешравиҳои иқтисодиву ичтимоӣ ва дигар дастовардьои илмиву техникӣ, кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳо низ домангир шудааст, ки боиси хавотирист.

Террорист баҳри пиёда кардани ҳадафҳои нопокии худ аз таълимоти дини мубини Ислом  суистифода намуда, исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд ва ба амалҳои нопок даст мезананд. Ҳол он ки дин ҳамчун ойини муқаддасу пок набояд ба сиёсат вобаста ва ё омехтаи бошад.

Амалҳои террориестие, ки дар Сурия, Ироы, Олмон, Фаранса ва дигар кишварьо сурат гирифтанд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳони гардидааст.

Ҷаҳони имрӯзаро дар баробари пешравиҳои иқтисодиву ичтимои ва дигар дастовардҳои илмиву техникӣ, кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳо низ домангир шудааст, ки боиси хавотирист.

Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳаби сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртибот надоранд, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози мешаванд.

Имрӯз ҳодисаҳои мудҳише, ки аз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванд, боиси ҳалокати ҳазорон одамон мегарданд, водор мекунад, ки барои саводнок шудани ҷавонон, алалхусус, аз ҷиҳати сиёсӣ ҷаҳду талош бояд кард. Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм дар сатҳи паст қарор доштани дониши дунявӣ, ки ба аслан ҷавононро ба сӯи корҳои номатлуб мебарад. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳуроти номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин вазифаи ҳар як нафар шаҳрванди ба ору номуси миллат мебошад. Терроризму экстремизм ва оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.

Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ  мебошад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.
Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои  ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд.
   Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда,  зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш  гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,  ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад.

  Бинобар ин  мо мардуми баору номуси Тоҷикистон   ва тамоми ҷомеаро зарур мебошад, ки мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб дастҷамона мебориза бурда, баҳри тинҷивӯ осоиштагӣ ҳамаҷониба муттаҳид бошем. Мо бояд шукронаи тинљиву осоиштагии   истиқлолияти худро намуда,  ва вазифадор ҳастем, ки   арзишњои муњими давлатдоро  ба наслњои оянда   хеш боқи гузорем.

 

Ф.Ғ. Махкамов  

           муаллими калони   кафедраи Г ва КНГ