ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ИН ЯК ФАЪОЛИЯТИ ҶОҲИЛОНА

Кишвари мо дар роҳи саодат аст, ки мардум бо зимомдорони худ якдилу якҷиҳат мебошанд ва ҳаммаи ин дасисабозиҳои ҳизбҳои сиёсии ғайри қонуни дар пешорўи якдилии мо ҳеҷ аст. Бадбахтиҳое, ки солҳои навадуми асри гузашта ба сари миллати тоҷик омадаанд ҳама аз чашмпўшӣ ва гузаштҳои беҷои сарварони ҳамонвақта буд ва ин асоси дасисабозиҳо гардида аст аммо мардуми имрўзаи тоҷик на он мардуми даҳсолаи охири асри бистанд.

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ худ расидан аксаран гурўҳҳои алоҳида, гурўҳҳои манфиатҷуи давлатӣ ва минтақавӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. 

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар асри 21 ба шумор меравад, мақсад ва оқибатҳои кори сарварони ин гурўҳҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин модди маънавӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки ба таври зўровари ғасб намудани ҳокимият, халалдор намуданги оромии ҷомеа бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки аз ҷумла дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.    Дар замони муосир  сиёсати давлат дар ин марҳилаи пурпечутоб  ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад. Дар ин раванд саҳми ҷавонони кишвар ниҳоятдараҷа бузург мебошанд. Мо аз мушкилоти ҷавонон, аз ҷумла ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо огоҳ ҳастем ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур ҳукумати кишвар чораҷўӣ карда истодааст. Баъзе  наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кўшиш намекунанд, аз хизмати  ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд.

Дар ин масъалаи муҳим, таъкид месозем, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии навросону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқомиват ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди  сохтору мақомотҳои давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёд, қарор дорад. Барои иҷрои ин корҳои муҳим мо аҳли ҷомеа вазифадорем то ки бартараф шавад. Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Масъали зикргардида аз ҳамаи омўзгорони мактабҳои миёна ва олии кишвар талаб менамояд, ки мо ҳамаруза дар фаъолияти меҳнатиамон барои ҷавонон ва насли оянда мафҳуми калимаҳои ватан, сулҳ, озодӣ ва ваҳдатро бо маънои томаш фаҳмонем.

Соҳибсухане мегуяд, ки «Танҳо неъмате, ки ба ранҷи зистан меарзад, озодист». Озоди барои мардуми тоҷик дар асоси истиқлолият ва ваҳдати милли ба даст омадааст. Озоди дар ҳар кишваре мутаносиб бо тамаддуни он кишвар аст. Тоҷикон дар оинаи таърих ҳам чун миллати бо фарҳанг ва озодихоҳ ҷило медиҳанд.

Сулҳ боиси равнақи кори мардум ва касоди бозори ҳодисаҷўён аст. Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода. бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. 

Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдуст будан. 

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавкеу макоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифок ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаасг.         

Мо ҷомеаи меҳнатии донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон ва аҳли зиёи кишвар ба умеди фикр, кўшиш ва аҳлии миллати худ бошед на интизори бахтории бегонагон ба миллат.

Дўсталиев С. Т.

      ассистенти кафедраи  таҷҳизот ва технологияи мошинсозии

                          Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон